×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
20:07:20 (GMT +5), chorshanba, 22 Маy 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


8 - may 2019

Бо ҳисси дахлдорӣ ва масъулият зистан барои фардо, бо садоқат хидмат кардан ба халқ – қарзи олии мо

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6-7 майи соли 2019 ба мақсади шиносоӣ бо рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, татбиқи лоиҳаҳои бузург ва иҷрои супоришҳои пештар додашуда дар вилояти Фарғона шуд.

Дар ҷараёни сафари роҳбари давлат ба вилоят 12-13 июни соли гузашта вазифаҳои муҳим оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа мушаххас шуда буданд. Дар давраи сипаришуда ба иҷрои вазифаҳои мазкур эътибори махсус дода шуд.

Соли 2018-ум ба вилоят дар ҳаҷми 152,7 миллион доллар сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ҷалб карда шуданд. Дар натиҷа миқдори корхонаҳои муштарак ба 80 адад афзуда, 283-торо ташкил дод. Аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар ҳаҷми 66 миллион доллар сармояҳои хориҷӣ азхуд карда, корхонаҳои муштарак аз ҷумла «Winchemical», «Listem-Fergana» сохта ба истифода супурда шуданд.

Президент аз Корхонаи коркарди нафти Фарғона боздид ба амал овард.

Корхонаи мазкур дар замони худ барои азхуд намудани конҳои нафти водии Фарғона ва ба минтақаҳои мамлакат расонда додани маҳсулоти нафт таъсис ёфта буд. Он имрӯз низ аз ҷумлаи маҷмӯъҳои бузурги мамлакат бинобар коркарди карбогидрид ба шумор меравад. Маҷмӯъ 475 гектарро дар бар гирифта, 52 адад иншооти технологиро муттаҳид менамояд.

Вале ба сабаби куҳна шудани техника ва технологияҳо, тобеияти истеҳсолот аз воридот тӯли даҳ соли охир корхона камдаромад гардид. Бо иқтидори солонаи 6 миллиону 450 ҳазор тонна истеҳсолоти корхона то ба 30 фоиз коҳиш ёфт.

Роҳбари давлат дар машварате, ки 21 феврали соли равон оид ба масъалаҳои рушди саноати нафту газ ва кимиё баргузор шуд, супориш дод, ки Корхонаи коркарди нафти Фарғона ба идораи боэътимоди сармоягузорон дода шавад. 10 апрели соли ҷорӣ қарори Президент «Дар бораи бозсозии Корхонаи коркарди нафти Фарғона бо ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ» қабул гардид.

Бозсозӣ якҷо бо ширкати «PT Trans Asia Resources»-и Индонезия дар се давра амалӣ хоҳад шуд. Ширкати мазкур дар соҳа таҷрибаи бузург дорад ва дар бозори ҷаҳонӣ соҳиби мавқеи худ мебошад. Иштироки ширкатҳои хориҷӣ ба таъминоти боэътидоли корхона бо ашёи хом, коркарди он бинобар меъёрҳои ҷаҳонӣ, фурӯши маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд. Минбаъд таъсис додани консорсиум аз ҷумлаи ширкатҳои номдори байналхалқӣ ба нақша гирифта шудааст.

Соли равон ба корхона сармояҳои бевосита ба маблағи на камтар аз 300 миллион доллар ҷалб карда хоҳанд шуд. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур дар тӯли ду моҳ аз 10 дастгоҳи ҳоло бекорхобида кори 7-тои онҳо ба роҳ монда мешавад. 7,1 ҳазор ҷойҳои корӣ нигоҳ дошта мешаванд,

Баробари ин таъминоти корхона бо ашёи хом ду баробар меафзояд. Аз ибтидои соли 2020-ум истеҳсоли сӯзишвории баландсифати дизелӣ, ки ба меъёрҳои «Евро-4» ва «Евро-5» ҷавобгӯ мебошад, ба роҳ монда мешавад. Арзиш коҳиш меёбад ва сифати маҳсулот баланд мегардад, ба шарофати ин иқтидори содиротии вилоят вусъат пайдо мекунад.

Умуман, дар доираи лоиҳа то соли 2022-юм дар ҳаҷми камаш 875 миллион доллар сармояҳо ҷалб мегарданд. Ин имкон медиҳад Корхонаи коркарди нафти Фарғона, ки 60-сола хоҳад шуд, бозсозӣ карда шавад, ҳамчунин корхонаи коркарди нафти Олтиариқ, ки 110 сол муқаддам сохта шудааст, ба кор дарояд ва дар онҳо маҳсулоти содиротӣ истеҳсол шаванд.

Аз ҳама муҳимаш, бо шуғл фарогирии одамон, ба хусус ҷавонон таъмин мегардад. Миқдори даромадҳои андоз моҳе 100 миллиард сӯм меафзояд.

Шавкат Мирзиёев бо коргарони корхона ва сармоягузорон суҳбат кард.

Мақсади асосии ин кор – бо тамоми иқтидор ба кор гузоштани корхона ва таъмин кардани одамон бо кор мебошад. Ин давраи нав дар фаъолияти Корхонаи коркарди нафти Фарғона хоҳад шуд, гуфт роҳбари давлат.

Бобати таъмин сохтани корхона бо ашёи хом ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот супоришҳо дода шуданд.

Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи «Ипак гиламлар»-и ноҳияи Қӯштепа боздид ба амал оварда, бо ҷараёни бо шуғл фарогирии занон шинос шуд.

Ташаббуси охирини роҳбари давлат аз панҷ ташаббуси муҳими ӯ ба фароҳам овардани шароитҳои ҳамаҷонибаи ҳаётӣ барои занон аз тариқи бошуғл таъмин кардани онҳо бахшида шудааст. Барои татбиқ намудани ташаббуси мазкур дар ҳар кадом ноҳия ташкил кардани корхонаҳои дӯзандагиву трикотажӣ бо тарроҳиҳои сабук пешбинӣ гардидааст. Ба кори корхонаҳои мазкур, пеш аз ҳама, бонувони оилаҳое, ки саробони худро гум карда, дар шароитҳои мураккаби маишӣ зисту зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин занони серфарзанд ҷалб карда мешаванд.

Тӯли замони сипаришуда бонувоне, ки ба кори корхонаҳои дӯзандагиву бофандагӣ ҷалб шуда буданд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат таълим гирифтанд. Дар тӯли тамоми вақти хониш ба онҳо стипендия, ба омӯзгорон бошад, моҳона дода шуд.

Дар вилояти Фарғона низ дар доираи ташаббуси панҷум корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекпахтасаноат» соли равон дар вилоят 7 адад, дар соли 2020-ум бошад, 8-то корхонаҳои дӯзандагиву трикотажӣ сохта мешаванд. Дар натиҷаи ин 4,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам омада, бо шуғл фарогирии занон таъмин мегардад.

Аз ҷониби иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат» низ дар вилоят ташкил додани ҷойҳои кории мавсимӣ ва доимӣ пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти пиллапарварӣ аз тариқи ба роҳ мондани усулҳои кластерии ҷараёни аз тайёр кардани пилла то истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019-ум ташкил намудани 30 ҳазор ҷойҳои корӣ дар пояи хонакорӣ пешбинӣ мегардад.

Он чиз боиси таъкид аст, ки як мавсим ба собиқаи кории пиллапарварон ҳамчун як сол қайд карда мешавад. Пештар ба онҳо нафақат музди меҳнат дода намешуд, балки собиқаи меҳнатӣ ҳам қайд намегардид. Минбаъд ба бонувон имконият фароҳам омад, ки супоришҳоро дар хонаи худ иҷро кунанд, Ин таҷриба дар тамоми минтақаҳои мамлакат ҷорӣ мегардад.

Корхонаи «Ипак гиламлари» филиали ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Исмоилжон гиламлари»-и ноҳияи Қӯштепа ба шумор меравад. Дар ин ҷо 200 нафар занон, дар 9 адад чунин корхонаи ҳайати ҷамъият ҳамагӣ тақрибан ду ҳазор бонувон кор мекунанд. Дар корхонаҳои мазкур анқариб 300 хели маҳсулоти тайёри атлас, адрас, шоҳӣ, зиёда аз 400 намуди гиламҳои абрешимӣ тайёр карда мешаванд.

Роҳбари давлат бо ҷараёни тайёркунии намунаҳо ва гиламҳои шоҳӣ шинос шуд, ба сифат ва талабот нисбат ба маҳсулот рағбат зоҳир намуд.

Хубии гиламҳои шоҳӣ дар он аст, ки бо гузаштани вақт рангашон гум намешавад, баръакс боҷилотар мегардад. Бинобар ҳамин ҳам ин гуна гиламҳо дар бозори ҷаҳон қимати баланд доранд.

Роҳбари давлати мо ба ташкил додани корхонаҳои нав дар деҳот барои занон ва тайёр кардани маҳсулот аз шоҳӣ, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, баҳои баланд дод. Зарурияти оммавӣ кардани таҷрибаи Фарғона бинобар ташкил намудани кластерҳои шоҳибофӣ, дар маҳаллаҳо таъсис додани корхонаҳо барои 300-400 корманд, дар ҳудудҳои масоҳаташон 1-2 гектар бунёд кардани биноҳо барои парвариши кирми пилларо таъкид кард.

Чунин корхонаҳо ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамияти бузург доранд. Аввало, даҳҳо занон бо кор таъмин мешаванд. Сониян, дар кишвари мо барои ба бозорҳои хориҷӣ баромадан анъанаҳои ғанӣ ва имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Бинобар ин бояд дар назди Кумитаи занон кластерҳо оид ба истеҳсоли маҳсулот аз шоҳӣ таъсис дода шаванд. Ин имкон медиҳад эътидоли таъминот бо ашёи хом таъмин гардад, арзиши маҳсулот коҳиш ёбад. Ба ҷараёни аз тайёркунии пилла то истеҳсоли маҳсулоти тайёр ҳазорҳо нафар занон машғул мешаванд. Заноне, ки кор мекунанд, ҳаёташон, ҷаҳонбиниву муносибаташон ба тарбияи фарзандон тағйир меёбад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Исмоилжон гиламлари» ният дорад то охири сол боз 15 сехи матоъбарорӣ ташкил диҳад ва шумораи кормандонашро ба 4,5 ҳазор нафар расонад.

Роҳбари давлат бинобар минбаъд вусъат додани фаъолияти корхона, ба хатсайрҳои сайёҳии Фарғона дохил кардани он, ба роҳ мондани нуқтаҳои савдои он дар Самарқанд, Бухоро, Хива ва шаҳрҳои дигар супоришҳо дод.

Ба шахсони масъул супурда шуд, ки лоиҳаи қарореро омода намоянд, ки зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз шоҳӣ, ташкил намудани миқдори зиёди ҷойҳои корӣ барои занон, расонда додани маҳсулот ба бозори хориҷӣ бо нархи арзонро пешбинӣ мекунад.

Президенти мамлакат корхонаи муштараки оид ба истеҳсоли таҷҳизоти замонавии рентгениро дар шаҳри Фарғона тамошо кард.

Дар мамлакати мо саноати электротехника бо суръати баланд инкишоф меёбад, лоиҳаҳои нав татбиқ мегарданд. Корхонаи муштараки ӯзбекистониву куриёии «Listem-Fergana», ки ба қарибӣ фаъолияти худро дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд оғоз намуд, аз ин ҷумла ба шумор меравад. Он оид ба истеҳсоли техникаҳои баландтехнологии тиббӣ нафақат дар минтақа, балки дар мамлакат низ ягона мебошад.

Соли гузашта, ҳангоми сафар ба вилоят, аз ҷониби роҳбари давлат бобати минбаъд беҳтар кардани сифати хидмати тиббӣ ба аҳолӣ, истеҳсоли таҷҳизоти замонавии ташхисӣ супоришҳо дода шуда буданд. Ин корхонаи мушатарак таҷассуми амалии кор дар самти мазкур маҳсуб меёбад.

Шавкат Мирзиёев бо ходимон ва коркунони корхона ҳамсуҳбат шуд.

Арзиши лоиҳавии корхона 8 миллион доллар буда, он қодир аст соле 300 адад ду намуди дастгоҳҳои рентгениро истеҳсол кунад. Дар доираи давраи аввалини лоиҳа 35 нафар бо кор таъмин шуданд. Ҳоли ҳозир бобати татбиқ намудани давраи дуюми лоиҳа кор бурда мешавад. То охири сол фароҳам овардани боз тақрибан 100 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ таҳти тамғаи «Истеҳсоли Ӯзбекистон», қонеъ сохтани пеш аз ҳама талаботи бозори дохилӣ дар корхонаи муштарак ният доранд истеҳсоли солонаро то ба 500 адад расонанд, номгӯйи маҳсулотро ба 10 намуд зиёд кунанд. Ҳамаи ин имкон медиҳад бозори дохилӣ бо техникаҳои арзону баландсифати тиббӣ, ки алҳол ба кишвари мо аз ҳисоби маблағҳои зиёди асъор ворид мешаванд, таъмин карда шавад.

Иттиҳодияи дар тамоми ҷаҳон машҳури «Listem»-и Куриёи Ҷанубӣ фаъолияти худро соли 1960-ум оғоз кардааст. Он 12 намуди дастгоҳҳои рентгениро, ки ба 75 кишвари ҷаҳон содир карда мешаванд, истеҳсол менамояд. Бешубҳа, корхонаи муштараки «Listem-Fergana», ки якҷо бо иттиҳодияи мазкур созмон ёфт, ба қарибӣ дар тамоми олам машҳур мегардад.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо тамоми асосҳо мавҷуданд. Аллакай имрӯз маҳсулоти «Listem-Fergana» талаботи зиёд дорад. Баъд аз пурра ба кор сар кардани корхона ба содирот баровардани маҳсулоти он ба нақша гирифта шудааст. Маҳсулоти мазкур дар бозори Ӯзбекистон нодир ва инноватсионӣ ба шумор меравад. Ин нафақат ба баланд бардоштани сифат ва дараҷаи кӯмакҳои тиббӣ ҳангоми ташхис мусоидат менамояд, балки эътидоли иқтисодиёти ватаниро таъмин мекунад.

Поликлиникаи оилавии рақами 5-уми шаҳри Фарғона аввалин миҷози ин корхонаи муштарак гардид. Бинобар суханони сардухтур Фирӯза Мадалиева дар поликлиника модели аввалини корхона – рентгенографи рақамии «Smart DR» гузошта шудааст. Он 50 ҳазор доллар қимат дошта, нисбат ба ҳамонандҳои хориҷии худ ду баробар арзонтар мебошад. Чунончи, чунин техникаи ширкати «Philips» 144 ҳазор доллар, дастгоҳи истеҳсоли «Siemens» 168 доллар арзиш доранд.

Бо истифода аз «Smart DR» метавон дар як соат ба 12-15 миҷоз хидмат расонид. Санҷиш ва натиҷаи он 3-5 дақиқаро дарбар мегирад. Аксҳо дар хотираи дастгоҳ то 5 сол нигоҳ дошта мешаванд, ки барои мушоҳидаи ҷараёни беморӣ хеле муҳим мебошад. Боиси қайд аст, ки дар ин маврид миқдори нурафканӣ 4-5 баробар кам мебошад. Аксҳоро метавон аз тариқи интернет ба шифокори табобаткунанда фиристод ва бо духтурони дигар дар масофа ҳамсуҳбат шуд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки ташхиси дуруст барои мустаҳкам шудани саломатии аҳолӣ аҳамияти махсус дорад, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ дар мамлакати мо бошад, натиҷаҳои азими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад дод.

Шавкат Мирзиёев бобати баланд бардоштани дараҷаи ҳудудикунонӣ ва ихтисоси кормандони корхона, рушди кооператсияи саноатӣ супоришҳо дод.

Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳо бинобар ташкили бозсозии истеҳсоли нуриҳои азотдор ва фосфордор дар ҷамъиятҳои саҳҳомии «Фарғонаазот» ва «Қӯқандсуперфосфат» якҷо бо сафоратхонаи кишвари мо дар Куриёи Ҷанубӣ, истихроҷи ангишт дар кони Водил, истеҳсоли коғази аз ҷиҳати экологӣ тоза аз санг, ҳамчунин лоиҳаҳои сармоявие, ки дар вилояти Фарғона татбиқ мешаванд, баргузор шуд.

Чунончи, дар шаҳри Фарғона кушодани бахши Донишгоҳи Куриёи Ҷанубӣ JEI пешбинӣ мегардад. Арзиши умумии лоиҳа – 5,3 миллион доллар мебошад. 3 миллион доллари он ба зиммаи сармоягузорони хориҷӣ аст. Дар ин ҷо тайёр кардани мутахассисон барои муассисаҳои таълими томактабӣ, тиҷорати меҳмонхонавӣ, соҳаҳои сайёҳӣ ва косметология пешбинӣ мешавад. Соли равон кушодани бахши мазкур, ки дар он 400 нафар донишҷӯён таълим мегиранд, ба нақша гирифта шудааст.

Якҷо бо шарикони куриёӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» ташкил намудани корхонаи иқтидори истеҳсолиаш соле 10 ҳазор адад электромобилҳои тамғаи «Hyundai» пешбинӣ мегардад. Дар натиҷа 1000 ҷойҳои корӣ ташкил меёбанд.

Президент аз мактаби «Темурбеклар мактаби»-и шаҳри Фарғона боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни баланд бардоштани иқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо ба пурзӯр намудани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, боло бурдани иқтидори зеҳнии хидматчиёни ҳарбӣ эътибори махсус дода мешавад. Алҳол артиш ва муассисаҳои таълими ҳарбӣ ба мактаби худшиносии миллӣ ва ифтихор, иродаи мустаҳкам табдил гардиданд. Имтиҳонгирӣ аз фанҳои «Таърихи Ӯзбекистон» ва китоби «Тузукоти темурӣ» пеш аз хӯрдани савганди ҳарбӣ барои аскарони ҷавон ва курсантҳо ба роҳ монда шуд.

Дар самти мазкур қабул гардидани Фармони роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирӣ кардани фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон» аз 5 июли соли 2017-ум қадами муҳим шуд. Бо назардошти он ки сифатҳои олии саркардаи бузург Соҳибқирон Амир Темур, аз ҷумла садоқат ба Ватан, ғамхорӣ дар бораи халқ, мардонагӣ, фидокорӣ ва адолатпарварӣ барои насли наврас ибратпазир ба шумор мераванд, тамоми литсейҳои академии ҳарбии мамлакат «Темурбеклар мактаби» номида шуданд.

Зеро ҳар як ҷавон, бахусус онҳое, ки касби ҳарбиро интихоб кардаанд, бояд таърихи Ватан, ҳаёт ва диловарии қаҳрамонҳои халқӣ, фармондеҳону саркардаҳои бузургро донанд, бо онҳо ифтихор кунанд. Ин дар онҳо эҳсоси миллӣ, ватанпарварӣ, фидокориро тарбия менамояд.

Корҳои таълимиву тарбиявӣ дар мактаби «Темурбеклар мактаби»-и шаҳри Фарғона дар пояи ин равандҳо ба роҳ монда шуданд. Алҳол дар ин ҷо 435 нафар ҷавонон таълим мегиранд.

Мактаб ба тайёр кардани ҷавонон барои дохилшавӣ ба омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии назди Вазорати мудофиа ва дигар муассисаҳои таълимии фанҳои дақиқ тахассус дорад. Барои пурмазмун гузаронидани вақти озод аз хониш маҳфилҳои гуногуни илмӣ ва сексияҳои варзишӣ амал мекунанд.

Роҳбари давлат таъкид сохт, ки мазмуну моҳият, сифати таълим дар мактабҳо бояд ба номи нави онҳо, корнамоиҳои ниёи бузурги мо Темур мусоидат кунанд.

Мактабҳои «Темурбеклар мактаби» бояд боиси ифтихори ҳам ҷавонон ва ҳам падару модарон бошанд. Барои ин бояд мақоми мактабҳои мазкур, обрӯи онҳо, дараҷаи таълим баланд бардошта шавад, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент низоми навро бинобар рушди мактабҳои «Темурбеклар мактаби» муайян кард. Чунончи, ҷавонон ба ин муассиса дар пояи озмун пазируфта мешаванд, толибилмон бояд технологияҳои замонавии иттилоотӣ ва на камтар аз ду забони хориҷиро аз худ кунанд, мунтазам бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд, шахсиятҳои комил ва пешоҳанги ҷавонон гарданд. Хатмкардагони мактабҳо ба мактабҳои олӣ бидуни имтиҳонот қабул карда мешаванд.

Роҳбари давлат бо шароитҳое, ки дар мактаб фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид, бо толибилмон ҳамсуҳбат шуд.

Дар ҳамин ҷо вохӯрӣ бо иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст. Шавкат Мирзиёев онҳоро бо фарорасии Рӯзи хотира ва қадр муборакбод намуд.

Ба мактаби «Темурбеклар мактаби» туҳфаи Президент – автобус супурда шуд.

Президент саҳрои хоҷагии фермерии «Комилжон ота Мамажонов»-и ноҳияи Фарғонаро тамошо кард ва бо корҳое, ки дар хоҷагӣ амалӣ мешаванд, шинос шуд.

Дар мамлакат ба бозсозии хоҷагии қишлоқ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ба истеҳсолот, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва инноватсияҳо, чорабиниҳои замонавии агротехникӣ дар рушди соҳаи аграрӣ, ба роҳ мондани коркард ва содироти маҳсулоти меваву сабзавот эътибори махсус дода мешавад. Ин ба тайёр кардани маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Хоҷагии фермерии «Комилжон ота Мамажонов», ки соли 2005-ум таъсис ёфтааст, 72 гектар замин дорад.

Соли равон аз ҳар яки 31 гектар замин ҷамъ овардани 70 сентнерӣ ҳосили ғалла, ба даст овардани 135 миллион сӯмина фоидаи соф пешбинӣ шудааст. Дар ин маврид нақшаи супоришоти давлатӣ 110 фоиз иҷро хоҳад шуд, дар ихтиёри фермер 80 тонна ҳосил боқӣ мемонад, Дар 7 гектар замин токзор, дар 14 гектар боғзор ташкил гардидааст. Дар 9 гектар зироати озуқаворӣ, дар 11 гектар сабзавот расонида мешавад.

Аъзои хоҷагии фермерӣ ба сифати кишти такрорӣ дар 31 гектар замин мош парвариш мекунанд. Аллакай харидори ҳосили оянда маълум аст. Бо корхонаи содиротӣ бинобар фурӯши 20 тонна мош ба бозори хориҷӣ, 45 тонна барои бозори дохилӣ шартнома баста шуд. Дар ин маврид даромад 130 миллион сӯмрро ташкил хоҳад дод.

Ҳамчунин вусъат додани фаъолият, баланд бардоштани даромад, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ мегардад. Барои ин аз бонки тиҷоратӣ дар ҳаҷми 1,8 миллион доллар вом гирифта, дар 5 гектар замин лимӯзор ташкил карда мешавад.

Дар деҳқонӣ ба техникаҳои кишоварзӣ аҳамияти бузург дода мешавад. Комбайнҳои «Кейс», «КлассДоминатор», трактори шудгоркунандаи «Орион», тракторҳои хурд барои коркарди ҷӯякҳо, экскаваторҳо, ки дар хоҷагии фермерӣ истифода мешаванд, ба баланд гардидани самаранокии кор ва миқдори ҳосил мусоидат менамоянд.

Роҳбари давлат бо фермерони вилоят суҳбат кард. Вай муҳимияти истифодаи сарфакоронаи об, дуруст ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати тухмиро таъкид намуда, ба шахсони масъул супоришҳои зарурӣ дод.

Чун дар тамоми мамлакат дар Фарғона низ имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд. Онҳоро истифода бурда, метавон даромади иловагӣ гирифт, дараҷаи ҳаёти мардумро беҳтар кард. Барои ин бояд самарабахш меҳнат намуд, дар одамон рағбатро ба фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи оқилона аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ пурзӯр кард, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҳамин ҷо ба Президент дар бораи лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ, ки бояд солҳои 2019-2020 дар вилояти Фарғона татбиқ шаванд, маълумот пешниҳод гардид. Ба ҳаёт татбиқ намудани 493 лоиҳа бино бар рушди боғдорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, хоҷагиҳои гармхонавӣ, тайёр кардани маҳсулоти меваву сбзавот, ба роҳ мондани кластерҳои пахтакорӣ, марказҳои логистикӣ, сохтмони анборхонаҳои яхчол пешбинӣ шудаанд. Баъди татбиқ шудани лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 10 ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён меоянд.

Ҳамчунин муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ бино бар ташкил кардани кооператсияҳои меваву сабзавоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Қува ва Олтиариқ, тӯли солҳои 2019-2020-ум дар вилоят барпо кардани ду ҳазор гектар боғу токзор дар пояи шарикии давлативу хусусӣ, созмон додани корхонаи «Агро макс водӣ»-и ноҳияи Олтиариқ кластер бино бар тайёр кардан ва коркард намудани гӯшт, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Kokand milk qyality»-и шаҳри Қӯқанд – лоиҳаи сармоявӣ бобати вусъат додани коркарди шир, рушди хидмати ветеринарӣ дар пояи татбиқ кардани комёбиҳои инноватсионӣ, ташкил намудани ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «UZ-SEGANG» дар шаҳри Фарғона маркази логистикӣ бино бар коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, лоиҳаи «Фаза-2» бино бар идораи захираҳои об дар водии Фарғона, рушди паррандапарварӣ, шутурмурғпарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ баргузор шуданд.

Соли 2019-ум дар 300 гектар заминҳои ноҳияи Қува ва шаҳри Қувасой боғҳои гелос, дар 200 гектар заминҳои ноҳияҳои Олтиариқ ва Ӯзбекистон зардолузору токзор ташкил карда мешаванд. Соли 2020-ум барилова дар 1500 гектар замин боғҳо бунёд меёбанд. Барои баргузор кардани корҳои мазкур 38,6 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.

Дар саноати хӯроквории вилоят солҳои 2019-2020-ум 81 лоиҳаи арзиши умумиашон 703,4 миллиард сӯмина татбиқ хоҳанд шуд. Зиёда аз 1500 нафар бо кор таъмин мешаванд.

***

Дар рӯзи дувуми сафар дар шаҳри Фарғона бо иштироки фаъолони вилоят, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони авлоди куҳансол, соҳибкорон ҷамъомад ба амал омад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар аввали сухан ҷамъомадагон, тамоми халқамонро бо моҳи Рамазон ва фаро расидани Рӯзи хотира ва қадр муборакбод намуд.

Таъкид гардид, ки дар соли 2018 дар вилояти Фарғона истеҳсолоти саноатӣ 8 фоиз, хидматрасонӣ 9 фоиз, ҳаҷми азхудкунии сармояҳо 1,5 баробар афзуд. Аммо зикр шуд, ки маҳсулоти умумии ҳудудӣ ба сари аҳолӣ аз нишондиҳандаи ҷумҳуриявӣ хеле қафо мемонад, дар ноҳияҳои Қӯштеппа, Фурқат, Олтиариқ, Фарғона ва Ёзёвон саноат ривоҷ намеёбад.

Аз ин рӯ, барномаи нави минтақавии сармоягузорӣ барои солҳои 2019-2020 иборат аз 643 лоиҳаи арзиши умумиаш 26 триллиону 401 миллиард сӯм коркард шудааст. Дар доираи барномаи мазкур 2,5 миллиард доллар сармояҳои бевоситаи хориҷӣ азхуд карда шуд ва беш аз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ созмон дода шуд.

Масалан, дар корхонаи «Фарғона Ясим қурилиш моллари»-и ноҳияи Бешариқ лоиҳаи арзишаш 200 миллион доллар татбиқ гардида, соли ҷорӣ истеҳсоли 800 ҳазор тонна симон ва соли оянда 1,2 миллион тонна симон ба роҳ монда мешавад. Дар Қӯқанд аз ҳисоби сармояҳои бевоситаи ширкати «Индорама» заводи суперфосфати Қӯқанд модернизатсия карда шуда, иқтидори истеҳсоли поруҳои фосфорӣ соле аз 100 ҳазор то 375 ҳазор тонна расонда хоҳад шуд. Дар корхонаи «Шаффоф омадли саноат»-и ноҳияи Учкӯприк аз ҳисоби ҷалб намудани 30 миллион доллар соле истеҳсоли 350 ҳазор лӯлаҳои газ барои автомобилҳо, инчунин аз соли 2020-ум караҳои барқии борбардорӣ, мини-тракторҳо ва техникаҳои дигар барои кишоварзӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Сарвари давлатамон ба шахсони масъул супориш дод, ки иҷрои ҷадвалҳои шабакавиро бинобар татбиқи ҳар як лоиҳаи барнома тасдиқ ва таъмин намоянд.

– Оид ба ҷалб намудани сармоя, рушди саноат ва соҳибкорӣ дар вилояти Фарғона дар тӯли як сол сафарбарии фавқулодда эълон мекунем. Ҳамон вақт дигаргунӣ хоҳад шуд. Моҳи майи соли оянда ҳокимон, тамоми вазоратҳо бобати корҳои амалинамудаашон ҳисобот медиҳанд. Як сол ҳамин тариқ кор кунем, ҳамааш равшан хоҳад шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президентамон дар ҷамъомад ба масъалаҳои таъмин кардани аҳолӣ бо кор, баланд бардоштани даромади онҳо эътибори алоҳида дод. Таъкид гардид, ки дар доираи барномаи «Ҳар як оила соҳибкор» оилаҳоеро, ки тиҷорати худро оғоз намудан мехоҳанд, муайян намуда, дар тӯли ду-се моҳ дар ҳаҷми пурра ҷудо намудани вомҳои имтиёзнокро ба маблағи умумии 486 миллиард сӯм таъмин кард.

Фарғона кишвари ҳунармандону деҳқонони моҳир ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои маҳаллии даббоғӣ, боғдорӣ бренди тайёр аст. Бинобар аз ин самарабахш истифода бурда, татбиқ намудани лоиҳаҳои иловагии истеҳсоли маҳсулоти чарму пойафзор, ташкил кардани Маркази маҳсулоти чарму чарчинворӣ супоришот дода шуд.

Маълум карда шуд, ки дар тӯли ду сол бинобар токпарварӣ дар майдони 3 ҳазор гектар дар ноҳияи Олтиариқ, анорпарварӣ дар 2 ҳазор гектар дар ноҳияи Қува, гелоспарварӣ дар 2 ҳазор гектар дар шаҳри Қувасой кластерҳо ташкил карда хоҳанд шуд. Кластерҳои мазкур баробари рӯёндани мева онҳоро аз аҳолӣ харид менамоянд. Барои ин ба хонадонҳо 15 миллион қаламчаи ток, 10 миллион ниҳоли гелос ва 5 миллион ниҳоли анор расонда дода мешавад. Ин ҳам даромади аҳолӣ, ҳам нирӯи содиротии вилоятро баланд мебардорад.

Таъкид гардид, ки дар солҳои наздик пурра ба токпарварӣ ихтисосонидани ноҳияи Олтиариқ, дар асоси тавсияи олимони донишкадаҳои илмиву тадқиқотӣ ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд дар байни қаторҳои боғу ток рӯёндани сабзавоти бозоргир ба нақша гирифта шудааст.

Дар вилоят соли ҷорӣ дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар 47 деҳа ва 15 маҳаллаи шаҳр 8 ҳазор хонаву ҷой, 327 манзили бисёрошёна, садҳо километр роҳҳо, шабакаҳои оби ошомиданӣ ва қувваи барқ бунёд карда шуда, дар объектҳои соҳаи иҷтимоӣ 326 миллиард сӯмина корҳои таъмирию барқароркунӣ амалӣ гардонда шуданд. Дар натиҷа шароити зисти 212 ҳазор аҳолӣ беҳтар гардонда шуд.

Дар шаҳрҳои Фарғона, Қӯқанд, Қувасой ва Марғелон 14 манзили бисёрошёнаи арзон, 145 манзили истиқоматии бисёрошёна, дар деҳот дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ 252 манзили инфиродӣ ва 54 манзили бисёрошёнаи арзон барпо карда хоҳанд шуд.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои ҷавонон низ эътибор дода шуд. Қайд гардид, ки дар вилоят ҷавонони аз 7-сола то 30-сола 970 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, масъалаи кор кардан бо онҳо ҳамеша дар маркази эътибор мебошад. Бо назардошти ин таъкид гардид, ки оид ба офаридани «Таҷрибаи Фарғона» бобати кор бо ҷавонон чорабиниҳои аниқ таҳия шуданд.

Соли ҷорӣ оид ба таъмин намудани шуғли 46 ҳазор нафар ҷавонон чорабиниҳои мақсаднок ташаккул ёфтааст. Мувофиқи барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаамон» ба воситаи ҷудо намудани 208 миллиард сӯмина воми имтиёзнок татбиқи 867 лоиҳа ва 7 ҳазор ҷойи нави корӣ муайян шудааст.

Президентамон таъкид намуд, ки бино бар панҷ ташаббус дар вилояти Фарғона низ корҳои муайян амалӣ мегарданд, иҷрои онҳо бояд ба вазифаи асосии ҳар як ҳокимият ва вазорат табдил ёбад.

– Панҷ ташаббус – сиёсати навамон. Бинобар татбиқи онҳо намунаи ноҳияи Бӯка ҷорӣ карда шуд. Ҳар як ҳокими ноҳия бинобар ҷорӣ кардани панҷ ташаббус дар охири сол ҳисобот медиҳад. Дар доираи иҷрои панҷ ташаббус тамоми корҳо бояд дар атрофи мактаб таҷассум ёбанд. Бояд толорҳои варзишӣ, клубҳо ба бачаҳо дода шуда, ҷавононамон дар ин ҷо бо варзиш шуғл варзанд, китоб хонанд, технологияҳои ахборро азхуд кунанд, баркамол ба воя расанд. Иқтисодиёт чӣ хел ривоҷ ёбад, ба корҳо дар доираи панҷ ташаббус ҳам ҳамин хел эътибор диҳем дар ҷамъият муҳит тағйир меёбад, боварии одамон ба ҳаёт баланд мегардад. Ин гапҳои баландпарвоз набуда, ҳаёту мамотамон мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомад, ки дар рӯҳи мулоқоти озод гузашт, нотиқон таъкид намуданд, ки ислоҳоти васеъмиқёси таҳти сарварии Президентамон дар тамоми соҳаҳо татбиқшаванда дар ҳаёти ҳудудҳо низ инъикос меёбанд, аз ин, пеш аз ҳама, одамон розӣ мегарданд. Баробари ин, муаммоҳои бинобар баъзе масъалаҳо ҷамъшуда ба миён гузошта шуд. Роҳбари давлатамон бинобар дар ҷояш ҳаллу фасл намудани ҳар як муаммои бардошташуда ба мутасаддиён супоришоти дахлдор дод.

Бо ҳамин ташрифи Президентамон ба вилояти Фарғона поён ёфт.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 110