×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
18:34:48 (GMT +5), juma, 23 - avgust 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


8 - may 2019

Дар бораи чораҳои такмил додани низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Омили асосии баланд бардоштани дараҷаи осудаҳолии деҳот, ки дар онҳо беш аз 60 фоизи аҳолии мамлакат зиндагӣ мекунанд, рушди кишоварзӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии он ба ҳисоб меравад.

Ба ин муносибат дар тӯли солҳои охир дар низоми идоракунии кишоварзӣ ислоҳоти институтсионалӣ амалӣ гардонда шуданд, устувории молиявии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба дараҷаи назаррас афзун гардондани нархи хариди ашёи хоми пахта ва хӯшаи ғалла, ки аз тарафи давлат кафолат дода шудааст, баланд бардошта шуд.

Усули кластерии ташкили истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ васеъ ҷорӣ карда мешавад, ки дар натиҷаи он дар тӯли солҳои охир ҳаҷми майдони заминҳои ба кластерҳои пахтаву бофандагӣ ҷудошуда 52 фоизи киштзори барои зироати кишоварзӣ ҷудошударо ташкил медиҳад.

Баробари ин мавҷуд набудани механизмҳои самарабахши бозаргонии дастгирии давлатии кишоварзӣ ба баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа имкон намедиҳад.

Ба мақсади ташаккул додани низоми томи идоракунии давлатии кишоварзӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонии амалӣ гардондани хариди давлатии маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин мувофиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:

1. Вазифаву самтҳои асосии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Вазорат) инҳо муайян карда шаванд:

амалӣ гардондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии хӯрокворӣ, ки дар навбати аввал рақамнок гардондани кишоварзӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам ва комёбиҳои илм, агротехнологияҳои замонавии захирасарфакунанда ва интенсивиро пешбинӣ менамояд;

рағбатноксозии фароҳам овардани занҷири арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ бо роҳи васеъ гардондани муносибатҳои замонавии кооператсионӣ дар истеҳсолот, нигоҳ доштан, азнавкоркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ;

амалӣ гардондани чорабиниҳо оид ба васеъ ҷорӣ кардани усули кластерии агротиҷорат, такмил додани асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодии раванди кластергардонӣ, кӯмак расондан ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба созмон додан ва рушди кластерҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ;

мутобиқсозии чораҳои дастгирии давлатии кишоварзӣ, ки ба сари вақт бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳои агротехникӣ, устувории молиявии истеҳсолгарони маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои камҳосил, таъмин кардани бехатарии озуқаворӣ ва афзун гардондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунанд;

ҳавасмандгардонии механиконии кишоварзӣ ва азнавкоркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи рушди спектри пурраи хидматҳои замонавии молиявӣ ва баланд бардоштани дастрасии техникаи хушсифати кишоварзӣ;

ташаккул додани низоми замонавии тайёркунӣ, истифода ва содироти тухмии зироати кишоварзӣ, ташкил ва рушди тухмипарварии аввалини навъҳои селексияи ватанӣ ва хориҷӣ, аз он ҷумла навъҳои биотехнологӣ;

татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи растаниҳо, чораҳои низомнок бинобар мубориза бар зидди зараркунандагон ва алафҳои бегона, хидматрасонии агрокимиёвӣ ва ҳифзи хок;

дар асоси низом таъмин кардани ҳамгароии наздики таълим, илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ, тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо бо назардошти эҳтиёҷоти ҷорӣ ва истиқболноки соҳаҳои кишоварзӣ ба мутахассисони баландихтисоси соҳа.

2. Ба ихтиёри Вазорат бо нигоҳ доштани тартиби дарамали бомаблағтаъминкунӣ инҳо дода шаванд:

Маркази илмиву истеҳсолии кишоварзӣ ва таъминоти озуқавории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муассисаҳои илмиву тадқиқотии он, бо ба Маркази илмиву истеҳсолии кишоварзӣ ва таъминоти озуқавории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табдил додани он;

Маркази давлатии Ӯзбекистон оид ба сертификатонӣ ва озмоиши техникаву технологияҳои кишоварзии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ба Маркази сертификатонӣ ва озмоиши техникаву технологияҳои кишоварзии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табдил додани он;

Маркази рушди боғпарварии назди Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва зершӯъбаҳои он, бо ба Маркази рушди тухмипарварии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табдил додани он;

Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ва филиалҳои он.

3. Муқаррар карда шавад, ки:

фаъолияти муассисаҳои илмиву тадқиқотии низоми Вазорат дар қисмати созмон додан ва ҷорӣ намудани био ва нанотехнологияҳо, навъ-ҳои нави зироати кишоварзӣ аз ҷониби Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутобиқ гардонда мешавад;

коркард ва навсозии меъёрҳои харҷи меҳнат ва захираҳои моддиву техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешавад.

4. Вазорат якҷоя бо Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Вазорати молия, Агентии оид ба идоракунии активҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҶС «Ӯзагрокимёҳимоя» дар муҳлати як моҳ оиди такмил додани хидматрасонии агрокимиёвӣ ба кишоварзӣ ва ҳифзи растаниҳо пешниҳод тақдим намояд, бинобар он дар назди Вазорат созмон додани хидмати махсусро бо вогузоштани вазифаҳои зерин ба назар гирад:

фароҳам овардани шароити зарурӣ барои бо воситаҳои кимиёвӣ ва биологии ҳифзи растаниҳо таъмин кардани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сари вақт ташкил намудани чораҳои профилактикӣ ва якҷоя оид ба ҳифзи растаниҳо;

гузарондани тадқиқ ва назорати доимии ҳолати фитосанитарии майдонҳои кишт, заминҳои наздиҳавлигӣ, гармхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, пешгӯӣ намудани нашъунамо ва паҳншавии зараррасонандагон, касалиҳо ва алафҳои бегонаи зироати кишоварзӣ;

назорати иҷрои қоидаҳои бинобар кашондан, нигоҳ доштан, фурӯш ва истифодаи воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳои муқарраршуда, бо роҳҳои мухталиф расондани поруҳои маъданӣ барои кишоварзӣ қатъӣ дар асоси агрокимиёкартограммҳо бо назардошти таъминоти хок бо воситаҳои серғизо.

5. Вазорат якҷоя бо Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатӣ оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ бо ҷалб намудани институтҳои байналхалқии молиявӣ дар муҳлати се моҳ бинобар лоиҳаҳо ва манбаъҳои бомаблағтаъминкунии соҳаи рақамноккунии кишоварзӣ дар доираи консепсияи таҳияшавандаи «Кишоварзии оқил» таклифот тақдим намояд.

6. Муқаррар карда шавад, ки созмонҳои ба ихтиёри Вазорат додашаванда вориси ҳуқуқии ташкилотҳои дахлдор бино бар ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳо, аз он ҷумла, байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд;

роҳбарони ассотсиатсияи истеҳсолгарон ва содиркунандагони лимӯ ва чормағзи юнонӣ, истеҳсолгарони картошка бо қарори ҷамъомади умумии муассисон интихоб мешаванд ва бинобар пешниҳоди вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Девони Вазирон тасдиқ карда мешаванд;

манбаъҳои бомаблағтаъминкунии фаъолияти дастгоҳи марказии Вазорат, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, раёсати кишоварзии вилоятҳо ва шуъбаҳои кишоварзии ноҳияҳо (шаҳри Қувасой), ҳавасмандгардонии моддии кормандон (пардохти музди меҳнат, мукофот, иловапулиҳо ва дигар мукофотҳои пулӣ) маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маблағҳои ғайрибуҷавии Вазорат, аз он ҷумла даромадҳое, ки аз ба депозитҳои бонкҳои тиҷоратӣ ҷойгир намудани маблағҳои муваққатан озоди ғайрибуҷавӣ, инчунин хидматрасонӣ ба даст меоянд, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба ҳисоб мераванд.

7. Ба Вазорат ва Вазорати иқтисодиёт ва саноат супурда шавад, ки якҷоя бо:

Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҷалб намудани экспертҳои институтҳои байналхалқии молиявӣ дар муҳлати се моҳ бино бар ҷорӣ намудани механизми бозаргонии танзими нархҳо барои маҳсулоти ғалла таклифот пешниҳод намоянд;

Вазорати кишоварзӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҷалб намудани институтҳои байналхалқӣ (хориҷӣ)-и молиявӣ ва маслиҳатчиён дар муҳлати як моҳ дар асоси таҳлили амиқи таҷрибаи хориҷӣ ва ҳолати амалии корҳо дар маҳалҳо лоиҳаи Консепсияро бобати дар солҳои 2019-2021 азхуд намудани заминҳои истифоданамешуда барои рӯёндани маҳсулоти кишоварзӣ тақдим намоянд, ки аз он ҷумла нишон додани манбаъҳои дақиқи бомаблағтаъминкунӣ ва механизмҳоро пешбинӣ менамояд:

васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии обёрикунӣ ва мелиоративӣ ва усулҳои обёрикунии замин;

фаъол ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ, аз он ҷумла дар асоси шартҳои шарикии давлативу хусусӣ;

дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар татбиқи Консепсия иштирок менамоянд.

8. Инҳо беэътибор дониста шаванд:

бандҳои 2 ва 8-уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 апрели соли 2018 №ФП-5418 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми идоракунии давлатии кишоварзӣ ва хоҷагии об»;

бандҳои 1 ва 2-юми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 апрели соли 2018 №ҚП-3671 «Дар бораи чораҳо оид ба ташкил кардани фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон».

9. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ лоиҳаҳои қарорҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тақдим намояд:

дар бораи такмил додани фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

дар бораи ташкил кардани фаъолияти Маркази илмиву истеҳсолии кишоварзӣ ва таъминоти озуқавории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

дар бораи такмил додани фаъолияти Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд;

дар бораи такмил додани фаъолияти Маркази рушди тухмипарварии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

10. Вазорат дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.

11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

17 апрели соли 2019



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 584