O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
4 - may 2019

Хабари мухтасар дар бораи ҷамъомади нуздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

3 майи соли 2019 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади нуздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро оғоз кард.

Дар кори ҷамъомад аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.

Ҷамъомад таҳти раёсати Раиси Сенати Олий Маҷлис Ниғматилла Йӯлдошев гузашт.

Баъд аз тасдиқ намудани рӯзномаи маҷлиси умумӣ сенаторон ба муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда сар карданд.

Сенаторон корро аз баррасии Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шарикии давлативу хусусӣ» оғоз намуданд. Қайд гардид, ки ҳуҷҷат ба мақсади ташаккул додани пойгоҳи ҳуқуқӣ ва идоравии рушди шарикии давлативу хусусӣ андешида шудааст. Мувофиқи қонун равандҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи мазкур муқаррар карда мешаванд, шарт ва тартиби татбиқсозии шарикии давлативу хусусӣ маънидод мегардад. Чунончи, мувофиқи қонун муҳлати амали муоҳида оид ба шарикии давлативу хусусӣ то 49 солро ташкил медиҳад.

Қонун пешбинӣ менамояд, ки интихоби шарики хусусӣ дар пояи тендер ё худ гуфтушунидҳои бевосита амалӣ мегардад. Дар ин маврид тартиби баргузор намудани тендери якдавраина ва дудавраина муқаррар карда мешавад: бино бар лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусии арзиши умумиашон баробари то 1 миллион доллари ИМА (қатъиян) тендери якдавраина баргузор карда мешавад, бино бар лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусии арзиши умумиашон баробари зиёда аз 1 миллион доллари ИМА бошад, тендери (табақабандии пешакӣ ва интихоби ғолиб) дудавраина гузаронида хоҳад шуд.

Дар ҷараёни баррасии қонун ба он чиз эътибор дода шуд, ки муоҳидабандӣ дар бораи шарикии давлативу хусусӣ бидуни баргузор кардани тендер дар пояи гуфтушунидҳои бевосита бо қарори шарики давлатӣ дар мавридҳои: таъмин сохтани иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат, дахлдории ҳуқуқи қатъӣ ба шахси муайян барои натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, ҳуқуқи дигари қатъӣ, қитъаи замин, иншооти дигари ғайриманқул ва моликияти дигар, ки шарти муҳими татбиқсозии лоиҳаи бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайяншуда ба шумор мераванд, татбиқ карда мешавад.

Ғайр аз ин мувофиқи қонун тартиби татбиқ намудани мониторинг ва ҳисобот дар бораи татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ муқаррар карда мешавад. Механизмҳои дастгирии молиявии шарикии давлативу хусусӣ, ки иштироки давлат (грантҳо, субсидияҳо), имтиёзҳои андоз ва ғайра, амонатҳо дар шакли пулҳо, заёмҳо, кафолатҳои давлатӣ ва ғайра хелҳои асосии он ба шумор мераванд, мушаххас карда мешаванд.

Пешбинӣ мегардад, ки амали қонун ба муоҳида дар бораи тақсими маҳсулот ва дар соҳаи харидҳои давлатӣ истифода бурда намешавад.

Қайд гардид, ки қонун ба рушди ҳамкории тарафайни давлат ва сектори хусусӣ барои ҳаллу фасли вазифаҳои муҳими ҷамъиятӣ бо шартҳои муфиди тарафайн мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.

Сипас сенаторон қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи хусусигардонии қитъаҳои замини таъиноти ғайрикишоварзӣ»-ро муҳокима карданд. Зикр шуд, ки ҳуҷҷат ба куллан такмил додани равандҳои урбанизатсия нигаронида шудааст.

Мувофиқи қонун вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдор дар соҳаи хусусигардонии қитъаҳои замин – Девони Вазирон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, Кумитаи давлатии кадастри замин ва геодезия, Оҷонсии оид ба идораи пулҳои давлатӣ, Бунёди рушди шаҳришавӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин тартиби хусусигардонии қитъаҳои замин ва мақоми ҳуқуқи қитъаҳои замини хусусигардонидашуда мушаххас карда мешавад. Имконияти хусусигардонии баъзе табақаи қитъаҳои замини таъиноти ғайрикишоварзӣ пешбинӣ мегардад, ки дар онҳо иншооти моликияти ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ҷойгир шудаанд, ки ба онҳо ҳамчун моликияти хусусӣ дахл доранд, ё худ бино ва иншооти хусусигардондашудаи онҳо, иншооти инфрасохтори истеҳсолӣ ва қитъаҳои замини атрофи онҳо дар ҳаҷме, ки барои фаъолияти истеҳсолӣ заруранд, барои сохтмони манзилҳои шахсӣ ва хидматрасонии манзили истиқоматӣ пешниҳод шудаанд.

Мувофиқи қонун қитъаҳои замине, ки дар ҳудудҳои тарҳи банақшагирифташудаи тасдиқгардида ва чопшуда надоранд, қитъаҳои замине, ки дар онҳо конҳои канданиҳои фоиданок, иншооти стратегии моликияти давлатӣ ҷойгир мебошанд, ҳамчунин қитъаҳои замине, ки ба таркиби заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекретсионӣ ва таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд, ҳамчунин заминҳои ҷангал ва захираи об; қитъаҳои замине, ки ба иштирокдорони минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ пешниҳод гардидаанд, хусусӣ кунонида намешавад.

Дар ин маврид мувофиқи қонун муқаррар карда мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (ғайрирезидентҳо), шахсони бидуни шаҳрвандӣ барои харидани заминҳои хусусигардонидашуда, агар дар Кодекси замин ва шартномаҳои байналхалқӣ чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ надоранд. Бино бар дастурҳои қонун муайян карда шудааст, ки маблағҳое, ки аз хусусигардонии қитъаҳои замин ба даст меоянд, ба Бунёди рушди шаҳришавӣ равона карда мешаванд.

Ҳамчунин бино бар қонун таъкид мегардад, ки қитъаҳои замини хусусигардонидашуда моликияти хусусӣ ва иншооти муомилоти шаҳрвандӣ ба шумор мераванд, ҳуқуқи мулкдорӣ ба замин бошад, дахлнопазир аст ва аз ҷониби давлат мувофиқи қонунгузорӣ ҳифз карда мешавад. Дар ҳуҷҷат ҳамчунин муайян карда шудааст, ки мусодираи қитъаи замини хусусигардонидашуда танҳо дар мавриди ҷорӣ шудани ҷарима барои ин қитъаи замин бино бар ӯҳдадории мулкдор, ҳамчунин дар тартиби милликунонии қатъӣ барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият ва ҳангоми гирифтани ризоияти мулкдори замин имконпазир мегардад, ки бино бар муоҳидаи хариду фурӯш, ки бо шартҳои баробари байни ҷонибҳо баста шудааст ва дар тартиби реквизатсия бино бар қарори Девони Вазирон дар мавридҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, бемориҳо, эпизоотҳо ва дар мавридҳои дигаре, ки ҷиҳати фавқулодда доранд, расмӣ кунонида мешавад.

Сенаторон қонунро маъқул донистанд.

Сипас Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои нави энергия» мавриди муҳокимаи сенаторон қарор гирифт. Мувофиқи қонун самтҳои асосии сиёсати давлат пешбинӣ мегардад, ки ба онҳо муайян кардани афзалиятҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ дар соҳаи мазкур; мустаҳкам кардани амнияти энергетикии мамлакат, диверсификатсияи эътидоли гармиву энергетикӣ дар қисми истеҳсоли энергияи электр, гармӣ ва газҳои биологӣ бо истифодаи манбаъҳои нави энергия; ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, кашфиётҳои илмиву техникӣ дар соҳаи рушди энергетикаи нав ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, вусъат додани ҳудудикунонии истеҳсоли дастгоҳҳои манбаъҳои маълумоти энергия дохил мешаванд. Дар ин маврид чораҳои дастгирии давлатӣ ва рағбатноксозӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои нави энергия пешбинӣ мегардад.

Ба истеҳсолгарони энергия дар пояи манбаъҳои нави энергия имтиёз ва сабукиҳо дар шакли озод кардан аз пардохти андоз барои моликият дар қисми дастгоҳҳо бино бар истеҳсоли энергия дар пояи манбаъҳои нави энергия ва андози замин оид ба қитъаҳое, ки бо дастгоҳҳо банд карда шудаанд, энергияи коркардшуда бо истифодаи манбаъҳои нав (иқтидори номиналии 01 МВт ва зиёда аз он), ба муҳлати даҳ сол аз замони ба истифода супурдани онҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҳамчунин онҳо аз пардохти андоз барои арзиши иловагӣ дар қисми ҳаҷми энергияе, ки аз ҷониби корхонаҳои сохтории ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» истифода мешаванд. Дар ин маврид истеҳсолгарони дастгоҳҳо барои коркарди энергия дар пояи манбаъҳои нав аз пардохти тамоми хелҳои андоз ба муҳлати панҷ сол аз замони қайди давлатии онҳо озод карда мешаванд.

Мувофиқи қонун ҳамчунин муайян карда мешавад, ки барои моликияти шахсони ҷисмонӣ аз моликияте, ки мулки шахс мебошад, истифодабарандагони манбаъҳои энергияи муқобил дар биноҳои истиқоматӣ бо пурра аз шабакаҳои дарамал ҷудо кардани захираҳои энергия, ба муҳлати се сол аз оғози моҳе, ки дар он асбобҳо барои истифодаи манбаъҳои энергияи муқобил устувор карда шудаанд, андоз ситонида намешавад.

Ҳамчунин махсусиятҳои истифодаи манбаъҳои нави энергия мушаххас карда мешаванд. Чунончи, ҳангоми истеҳсоли энергияи электрӣ ва гармӣ бо истифодаи манбаъҳои нави энергия, гази биологӣ аз массаҳои биологӣ барои истифодаи худ гирифтани ҳуҷҷатҳои рухсатдиҳӣ тақозо карда намешавад. Истеҳсолгарони энергияи электр дар пояи манбаъҳои нав метавонанд ба шабакаҳои низоми ягонаи энергияи электр бо шартҳои блок-стансияҳо вобаста карда шаванд, ба истеҳсолгарони энергияи гармӣ аз ин манбаъҳо бошад, вобаста кардани дастгоҳҳои дахлдор ба шабакаҳои ҳудудӣ ва магистралии гармӣ манъ карда мешавад. Ҳамчунин масъалаҳои танзими техникӣ, стандарткунонӣ, баҳодиҳӣ ба мувофиқатсозӣ ба талабот дар соҳаи истифодаи манбаъҳои нави энергия пешбинӣ мегардад.

Сенаторон таъкид намуданд, ки қабул шудани қонун ба татбиқ гардидани чорабиниҳо бино бар коҳиш додани истифодаи энергия ва захираҳои иқтисодиёт, дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия ва вусъат додани истифодаи манбаъҳои нави энергия, ҳамчунин таъмин гардидани иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро қабул карданд.

Сипас аз ҷониби сенаторон қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чарогоҳҳо» баррасӣ шуд.

Мувофиқи қонун самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи мазкур, аз ҷумла коркард, тасдиқ намудан ва татбиқ кардани барномаҳои давлатӣ ва ғайра; муқаррар намудани қоидаҳо, меъёрҳо ва нормативҳое, ки ба нигоҳ доштани чарогоҳҳо нигаронида шудаанд; татбиқ намудани назорати давлатӣ; таъмин сохтани истифодаи сарфакорона, ҳифз ва сохтани чарогоҳҳо; инкишоф додани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ҳамкориҳои байналхалқӣ муайян карда мешаванд.

Дар ҷараёни муҳокима эътибори сенаторон ба ваколати мақомоти давлатӣ дар соҳаи мазкур ҷалб карда шуд, ки мувофиқи онҳо Девони Вазирон татбиқсозии сиёсати ягонаи давлат, тасдиқ кардан ва татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, тасдиқ намудани тартиби пешниҳоди чарогоҳ барои истифода таъмин карда мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барномаҳои ҳудудиро кор карда мебароянд ва татбиқ мекунанд, меъёрҳо ва муҳлати парвариши чорворо дар чарогоҳҳо ва ғайра тасдиқ менамоянд. Сохторҳое чун Кумитаи давлатии кадастри замин ва геодезия, Кумитаи давлатии экология, Кумитаи давлатии ҷангал дар коркард ва татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, муқаррар сохтани меъёр ва муҳлати хошокдаравӣ ва парвариши чорво, таъмин намудани пешниҳоди қитъаҳои замин барои парвариши чорво, ба мониторинги чарогоҳҳо барои заминҳои бунёди ҷангал иштирок мекунанд.

Мувофиқи қонун ҳамчунин механизмҳои иштироки мақомоти худидораи шаҳрвандон, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва шаҳрвандон дар ташкил намудани истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо, аз ҷумла дар кӯмакрасонӣ барои баргузор намудани чорабиниҳо бобати истифода ва ҳифзи чарогоҳҳо, назорати ҷамъиятӣ барои истифода ва ҳифзи чарогоҳҳо ҷорӣ карда мешаванд. Ҳамчунин тартиби истифодаи чарогоҳҳое, ки барои шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, доимӣ, ба иҷора ва истифодаи муваққатӣ бино бар қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо пешниҳод мешаванд, дар заминҳои бунёди ҷангал бошад, бино бар рухсати мақомоти хоҷагии давлатии ҷангал дода мешаванд.

Мувофиқи қонун истифодабарандагони чарогоҳҳо барои парвариши чорво ва хошокдаравӣ; гузарондани корҳо бобати ба роҳ мондани инфрасохтори чарогоҳ; таъсис додани иттиҳодияи истифодабарандагони чарогоҳҳо, ки дар навбати худ бояд чарогоҳро бино бар таъиноти мақсадноки онҳо сарфакорона истифода баранд, бобати кӯмакрасонӣ ба ташкили кабудизоркунии чарогоҳҳо, барқарор кардани пӯшиши рустанӣ чораҳо меандешанд, ҳуқуқ доранд.

Ғайр аз ин мувофиқи қонун масъалаҳои ҳифз, ташкил кардан ва барқарор намудани чарогоҳҳо пешбинӣ мегардад. Чунончи, ҳифзи чарогоҳ аз тариқи муқаррар намудани қоида ва меъёрҳои истифодабарӣ, ташкил ва барқарор кардани чарогоҳҳо; муқаррар намудани маҳдудиятҳо ва манъҳо; пешгирӣ ва огоҳкунии истифодаи худсаронаи чарогоҳҳо; баргузор кардани инвентаризатсиякунонӣ, тадқиқи геоботаникӣ; мониторинги чарогоҳҳо; назорат барои истифода, ташкил ва барқарор кардани чарогоҳҳо таъмин карда мешавад. Ба зиммаи шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ӯҳдадорӣ бино бар ситондани зарар, ки ба чарогоҳҳо дар натиҷаи муфлискунӣ, истифодаи ғайрисарфакорона, харобкунии чарогоҳҳо ва ғайра гузошта мешавад.

Таъкид шуд, ки қабули қонун ба фароҳам овардани механизмҳои ташкиливу ҳуқуқии истифодаи сарфакоронаи чарогоҳҳо ва имкониятҳои нав барои зиёд кардани захираи молҳои озуқаворӣ, маҳсулоти гӯшту шир барои аҳолӣ, ҳамчунин барои содирот мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро қабул карданд.

Сипас аъзои Сенат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ»-ро муҳокима карданд.

Мувофиқи қонун ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ тағйироте ворид карда мешаванд, ки пурзӯр кардани масъулияти ҷиноиро барои вайрон кардани тартиби истифодаи олами ҳайвонот ва ё худ олами наботот, зиёд намудани миқдори ҷаримаро барои қабули маҳсулоти шикори ғайриқонунӣ, моҳидорӣ, ҷамъоварӣ ва тайёркунии рустаниҳои ёбоӣ, зиёд кардани миқдори ҷарима барои ғайриқонунӣ буридан, зарар расонидан ё худ нобуд кардани дарахтон, буттаҳо, зироати дигари ҷангал ва ниҳолҳо нигаронида шудаанд. Ғайр аз ин зиёд кардани миқдори ҷарима барои вайрон кадани қоидаи барқарорсозии ҷангалҳо, барои ҷамъоварии рустаниҳое, ки ба Китоби сурх дохил карда шудаанд, барои нобуд кардани фаунаи баҳри ҷангал муфид, барои вайрон кардани талаботи бехатарии сухтор дар ҷангалҳо пешбинӣ мегардад.

Мувофиқи қонун ҳамчунин масъулияти маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ, татбиқ намудани хелҳои дигари истифода аз олами ҳайвонот пурзӯр карда мешавад. Барои тайёр кардан, кашондан, нигоҳ доштан, бурдан ё худ фиристодан, харидан ё худ фурӯхтани силоҳи манъшуда ё воситаҳои шикору моҳидорӣ низ масъулияти маъмурӣ муқаррар карда мешавад, миқдори ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи муҳити парвои ҳайвонот, қоидаҳои фароҳам овардани коллексияҳои зоологӣ ва ботаникӣ ва савдои онҳо, баробари он кӯчондани худсарона, аклиматизатсия ё худ ҷуфткунонии ҳайвонот зиёд карда мешаванд.

Ғайр аз ин ба моддаи 111-уми Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ тағйироте ворид карда мешавад, ки пурзӯр кардани ҷавобгариро барои муомилаи дурушт бо ҳайвонот пешбинӣ менамояд.

Ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ мувофиқи банди 8-уми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 феврали соли 2019-ум «Дар бораи чораҳои минбаъд содатар кардани тартиботи муфлисшавӣ ва куллан такмил додани фаъолияти маъмурони судӣ» тағйироте дохил карда мешаванд, ки пурзӯр намудани масъулияти ҷиноиро барои муфлисии бардурӯғ, пинҳон доштани муфлисӣ ва муфлисии қасдона, пурзӯр кардани масъулияти маъмуриро барои муфлисии барқасд пешбинӣ менамоянд. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.

Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси просессуалии иқтисодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ намуданд.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 феврали соли 2019 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати беҳтар кардани рейтинги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоботи ҳарсолаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналхалқии молиявии «Ҷараёни тиҷорат» ба Кодекси просессуалии иқтисодӣ тағйироте ворид карда мешаванд, ки ҷорӣ намудани тартиботеро пешбинӣ менамоянд, ки имкон медиҳад дар суди иқтисодӣ ҳамчун усули ҳаллу фасли талошҳо ҷамъомади тосудӣ гузаронида шавад, миқдори зиёди нигоҳ доштани муҳокимаҳо (3 бор), аз ҷумла муҳлати ҳадди аксари боздоштани баррасӣ (10 рӯз) ва танаффусҳо (3 бор) бино бар парвандаҳои иқтисодӣ, ҳамчунин муайян кардани ҳодисаҳое, ки боздоштани муҳокимаҳо ё худ танаффусҳо танҳо ба сабаби ҳолатҳои ғайричашмдошт ва фавқулодда имконпазир мегарданд.

Қайд гардид, ки қабули қонун ҳарчи зудтар дар мамлакат ҷорӣ гардидани шартҳоеро, ки индикаторони Иттиҳодияи байналхалқии молиявии «Ҷараёни тиҷорат» пешбинӣ кардаанд ва дар ниҳояти кор минбаъд ташаккул додани муҳити мусоиди сармоявӣ ва баланд бардоштани мақоми Ӯзбекистон дар рейтинги ҳамном таъмин хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.

Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ намуданд.

Мувофиқи қонун бо назардошти фармонҳо ва қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ тағйирот ва иловаҳо дохил карда мешаванд. Чунончи, дар Қонун «Дар бораи хидмати давлатии гумрук» ва Кодекси буҷавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйироти таҳрирӣ ворид карда мешаванд. Ғайр аз ин ба Қонун «Дар бораи таъминоти давлатии нафақавии шаҳрвандон» тағйироте ворид карда мешаванд, ки баланд бардоштани миқдори ҳадди аксари музди меҳнатро, ки барои ҳисобу китоби нафақа пазируфта мешавад, аз 8 то 10 карат зиёд кардани музди камтарини меҳнатро пешбинӣ менамоянд.

Қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандон» бо меъёри нав пурра карда мешавад, ки мувофиқи он ба шахсони бидуни маълумоти тиббӣ, дар асоси хулосаи Комиссияи махсус оид ба рухсатномадиҳӣ барои фаъолияти тиббӣ бо истифодаи усулҳои табобати халқии назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои машғул шудан бо фаъолияти тиббӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ ҳуқуқ дода мешавад. Сенаторон қонунро қабул карданд.

Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи Стокголм дар бораи ифлоскунандаҳои тобдори органикӣ (Стокголм, 2 майи соли 2001)»-ро муҳокима карданд.

Қайд шуд, ки тасдиқ намудани Конвенсияи Стокголм дар бораи ифлоскунандаҳои тобдори органикӣ (Стокголм, 22 майи соли 2001) яке аз шартҳои Иттиҳоди Аврупо барои гирифтани тарифи сабукиҳои иловагии Ӯзбекистон ҳангоми расонда додани молҳои ватанӣ ба бозорҳои Аврупо дар доираи Низоми генералии сабукиҳои «ГСП+» ба шумор меравад. Конвенсия истеҳсол ва истифодаи 26 омехтаи аз ҳама хатарноки кимёвиро, ки дар хоҷагии қишлоқ ва саноати кимё истифода мешаванду ба саломатии инсон ва ҳолати захираҳои замину об таъсири манфӣ доранд, манъ мекунад ё худ хеле маҳдуд менамояд.

Таъкид шуд, ки тасдиқи Конвенсия аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Котибияти Конвенсия пешниҳод кардани маълумотро дар бораи ҳаҷми мавҷудаи моддаҳои хатарноки кимиёвӣ; манъ кардан ё маҳдуд намудани истифодаи ифлоскунандаҳои тобдори органикӣ, ҳамчунин аз байн бардоштани аз ҷиҳати экологӣ бехавфи онҳо мувофиқи Дастури миллии амалиёт, ки дар тӯли 2 сол баъд аз эътибор пайдо кардани Конвенсия тақозо менамояд. Қонуни аз ҷониби сенаторон қабул шуд.

Сипас сенаторон масъалаҳои тағйир додани сарҳадҳои ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд ва ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд, ҳамчунин табдил додани шаҳраки Ғазғони ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ба шаҳри Ғазғон, ба табақаи шаҳрҳои тобеи вилоят дохил кардани он ва тағйир додани сарҳади ноҳияи Нуратои вилояти Навоиро муҳокима карданд.

Мувофиқи таклифи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори дахлдори Сенат қабул гардид.

Сипас сенаторон масъалаи ҳисоботи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи дар семоҳаи якуми соли 2019-ум иҷро шудани Барномаи давлатии «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ»-ро муҳокима карданд.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ суръати баланди афзоиши иқтисодӣ, эътидоли макроиқтисодӣ ва ҷалби васеи сармояҳои хориҷӣ ба даст омад. Дар чоряки якуми соли 2019-ум даромади Буҷаи давлатӣ 23 триллион сӯм, хароҷот 24,1 триллион сӯмро ташкил дод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳо мувофиқан 1,6 ва 1,7 баробар зиёд гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаҳои дастгирӣ намудани соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ, таъмин намудани ҳифзи мӯътамади иҷтимоии одамон эътибори махсус дода шуд. Аз ибтидои сол 32 иншооти саноатӣ, ҳамчунин иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ ба маблағи умумии 341,2 миллион доллар ба истифода супурда шуданд, 1806 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардиданд.

Дар нуқтаҳои аҳолинишини деҳот бобати рушди коммуникатсияҳои муҳандисиву нақлиётӣ, иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ кор бурда шуд. Чунончи, соли равон дар деҳот бунёд кардани 15010, дар шаҳрҳо 355 хонаҳои арзони бисёрошёна, ки барои 15635 ҳуҷра пешбинӣ гардидаанд, бо суръатҳои баланд идома дорад.

Дар ҷараёни муҳокимаи ҳисобот сенаторон ба натиҷаҳои мониторинги Барномаи давлатӣ эътибор доданд. Чунончи, аз 63 боби барои татбиқ пешбинишуда 46-тоаш пурра иҷро шудааст, бино бар 11 боби чорабиниҳо кор бурда мешавад, бобати шаш боби дигар муҳлати иҷрои онҳо дароз карда шудаанд.

Аз ҷумла, то 1 марти соли равон ба мақсади таъмин намудани шаффофияти фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимият ҷорӣ намудани низоми «Парлумони электронӣ» пешбинӣ гардида буд. Вобаста ба ин бо қарори муштараки палатаҳои Олий Маҷлис корҳое пешбинӣ шуда буданд, ки бояд амалӣ шаванд. Вале бо сабаби он ки аз ҷониби Бунёди рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ маблағ ҷудо карда нашуд, кори амалӣ оғоз наёфтааст.

Ғайр аз ин дар боби 130-юми барнома пешбинӣ гардидааст, ки то 1 март номгӯйи таҷҳизоти технологӣ ва ашёи хоме, ки аз андоз барои арзиши иловагӣ озод карда мешаванд, таҷдиди назар карда шавад. Ин хеле муҳим аст, зеро дар мамлакат ҷараёни барои сарпур сохтани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва рушди содирот васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳолӣ идома дорад. Дар ҳисоботи пешниҳоднамудаи Девони Вазирон қайд мегардад, ки ин боб иҷро шудааст. Вале мониторинг нишон дод, ки боби мазкури Барномаи давлатӣ ҳоли ҳозир иҷро нагардидааст.

Дар боби 153-юми барнома сабт гардида буд, ки то 15 феврал лоиҳаи ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ бино бар андешидани чораҳои иловагии минбаъд такмил додани хидмати санитариву эпидемиологӣ тайёр карда шавад, ки ба мувофиқсозии лабораторияҳои ғайрисамарабахши санитариву гигиенӣ ва дар пояи онҳо ташкил кардани лабораторияҳои замонавии байниноҳиявӣ, таъмир ва таҷдиди анборҳои дорунигоҳдорӣ, марказҳои назорати санитариву эпидемиологӣ, коркарди барномаи ягонаи мубодилаи ахбори байни мақомоти ҳуқуқу тартибот ва муассисаҳои тиббӣ оид ба касалиҳои сирояткунанда ва сирояти умумӣ мусоидат мекунад. Дар ҷараёни муҳокима сабабҳои иҷро нашудани бобҳои дигари Барномаи давлатӣ низ таҳлил карда шуданд.

Ҳангоми баррасии конструктивӣ зарурияти баланд бардоштани самаранокии хабардории аҳолӣ, бахусус ҷавонон, дар бораи ҷараёни татбиқшавии Барномаи давлатӣ аз тариқи ба фаъолияти вазоратҳо, идораҳои масъул ва ҳокимияти вилоятҳо ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва истифодаи васеи имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид гардид. Ба ин муносибат аз ҷониби сенаторон таклифҳои мушаххас дар бораи зарурияти фаъол кардани кор дар самти мазкур иброз гардиданд.

Бино бар натиҷаи мубоҳиса қарори дахлдори Сенат қабул шуд.

Сипас сенаторон ҳисоботи раиси раёсати Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолияти Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018-ум шуниданд.

Қайд шуд, ки фаъолияи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018-ум мувофиқи самтҳои мақсадноки стратегӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки соҳаи мазкурро ба танзим меоваранд, муайн шудаанд, татбиқ гардид. Аз ҷумла дар натиҷаи қабул гардидани чораҳо бобати такмил додани сиёсати пулу вом ва механизмҳои дахлдор, ки ба таъмин сохтани эътидоли нарх дар шароитҳои шиддати баланди муфлисӣ нигаронда шудаанд, ба Бонки марказӣ ҳамчун зинаи олии низоми бонкии мамлакат коҳиш додани дараҷаи муфлисӣ дар ҳисоботи солона аз 20,1 фоиз дар аввали сол то 14,3 фоиз дар охири сол муяссар гардид.

Кор бино бар давра ба давра гузаштан ба режими таргетии муфлисӣ низ фаъолона татбиқ мегардад, низоми ҷараёни таҳлилӣ ва пешгӯии баъзе равандҳо ҷорӣ гардид, кор бино бар хабардорсозии васеи ҷомеа дар бораи моҳият, мақсад ва натиҷаҳои коре, ки дар соҳаи пулу вом татбиқ мегарданд, ба роҳ монда шуд.

Механизмҳои замонавии назорати иҷборӣ – модели стресс-тестҳо, ки дар таҷрибаи байналхалқӣ васеъ истифода мешаванд, коркард шуданд ва ҷорӣ гардиданд. Дар доираи корҳои тайёрӣ бино бар коҳиш додани саҳми давлат дар низоми бонк бобати ба фаъолияти бонкҳо бо иштироки саҳми давлат ҷорӣ намудани равандҳои идораи замонавӣ чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуданд. Дар натиҷаи чораҳои қабулгардида миқдори умумии вомҳое, ки барои иқтисодиёт ҷудо када шудаанд, 100,7 триллион сӯмро ташкил дод. Саҳми онҳо дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 16,3 фоиз то 24,7 фоиз афзуд. Ҳаҷми вомҳое, ки ба мақсадҳои васеъ ҷалб намудани ҷавонон ва занон ба фаъолияти соҳибкорӣ аз тариқи дастгирӣ намудани тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, кӯмакрасонӣ барои шуғл ва беҳтар намудани шароити ҳаёти аҳолӣ ҷудо карда шудаанд, 15,4 триллион сӯмро ташкил дод.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳо бобати инкишоф додан ва таъмин намудани эътидоли молиявии низоми бонк ба беҳтар намудани муҳити рақобат, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ташкили фаъолияти муассисаҳои молиявӣ дар пояи равандҳои бозаргонӣ аз тариқи вусъат додани иштироки сармояҳои хусусӣ ва хориҷӣ равона карда шуданд. Дар натиҷа сармояи умумии бонкҳои тиҷоратӣ 29 фоиз ё худ 6 триллион сӯм зиёд шуд, бино бар ҳолати 1 январи соли 2019-ум 26,7 триллион сӯмро ташкил дод. Дар ин маврид ҳаҷми сармояи оинномавӣ 21 фоиз зиёд гардида, ба 19,7 триллион сӯм расид. Дар навбати худ зиёд гардидани сармояи умумии бонкҳо ва таҳкими захираи пойгоҳӣ вусъати минбаъдаи ҳаҷми дастгирии молиявии субъектҳои сектори воқеии иқтисодиётро таъмин менамояд.

Баробари ин дар ҷамъомад аз ҷониби сенаторон таъкид гардид, ки Бонки марказиро зарур аст дар соли 2019-ум барои ислоҳсозии низоми бонк ва баланд бардоштани эътидоли молиявӣ зина ба зина саҳми давлатиро дар сармояи оинномавии бонкҳо кам кунад, иштироки сармояҳои хусусӣ ва хориҷиро вусъат диҳад, фаъолияти пурраи бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои ғайрибонкии вомиро бино бар равандҳои бозаргонӣ таъмин намояд. Зарурияти эътибори махсус додан ба вусъати минбаъдаи фарогирии хидматрасонӣ дар пояи технологияҳои пешқадами молиявӣ, таъмин намудани кори мунтазами низоми пардохти байнибонкӣ барои тамоми миҷозон, пурзӯр намудани чораҳо бобати муваффақ шудан ба хидматҳои барои ҳама дастрас аз тариқи ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии миҷозон ва истеъмолгарон таъкид гардид. Бино бар натиҷаи муҳокима қарори дахлдори Сенат қабул гардид.

Бо ҳамин рӯзи аввали кори ҷамъомади нуздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси

Ҷумҳурии Ӯзбекистон



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 676