×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
19:42:01 (GMT +5), chorshanba, 22 Маy 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


4 - may 2019

Шавкат Мирзиёев ҳайати Аморати Муттаҳидаи Арабро пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 майи соли 2019 ҳайати Аморати Муттаҳидаи Арабро бо сарварии вазири энергетика ва саноат Суҳайл бин Муҳаммад ал-Мазрӯи қабул кард.

Роҳбари давлати мо ҳайати сернамояндаи АМА-ро дар таркиби роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ширкатҳои машҳури сармоявӣ, молиявӣ, логистикӣ, бинокорӣ ва ғайра, ки ба мақсади дар амал татбиқ намудани муоҳидаҳои дар сатҳи олӣ имзошуда ба Ӯзбекистон омадаанд, самимона хайрамақдам гуфт.

Дар навбати худ вазири энергетика ва саноат Суҳайл ал-Мазрӯи аз номи ҳайати аморат ба Президент Шавкат Мирзиёев барои пазироии гарм миннтадории амиқ изҳор намуда, паёмҳои беҳтарини Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Халифа бин Зайд ал-Наҳаён, Валиаҳди Абу-Дабӣ, муовини Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи АМА шайх Муҳаммад бин Зайд ал-Наҳаён ва ноиб-президент, Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳокими Аморати Дубай шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Мактумро расонид.

Бо қаноатмандии амиқ зикр шуд, ки гуфтушунидҳои сермаҳсул дар сатҳи олӣ моҳи марти соли равон дар Абу-Дабӣ ва Дубай боиси ба дараҷаи сифатан нав бардошта шудани муносибатҳои дуҷонибаи дӯстиву шарикӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки мубодилаи сафари ҳайатҳои дараҷаи олӣ дар моҳҳои охир имкон доданд, бинобар татбиқ намудани қарорҳои қабулшуда ва шартномаҳои баимзорасида самтҳои мушаххас ва чораҳои аввалиндараҷа муайян шаванд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқ сохтани лоиҳаҳои пешомаднок дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмон ва бозсозии истгоҳҳои барқӣ, азхуд намудани конҳои нав ва коркарди амиқи маҳсулоти карбогидрид, бунёди корхонаҳои замонавии кимёвӣ ва агросаноатӣ, марказҳои логистикӣ, рушди инфрасохтор дар минтақаҳои Ӯзбекистон, ҳамчунин дигар ташаббусҳои муштарак ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.

Муҳимияти табодули таҷриба дар пешбурди ислоҳоти самарабахш, ки ба баланд бардоштани рақобатбардории иқтисодиёти мамлакат, ҳамчунин вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос нигаронида шудаанд, таъкид гардид.

Ҳоли ҳозир бинобар ҳар кадом самти бартариноки шарикӣ коркарди таклифҳои дахлдор ва баргузор намудани чорабиниҳои мушаххаси дуҷониба гурӯҳҳои корӣ амал мекунанд.

Ҷониби аморат ба дигаргуниҳои васеъмиқёс, ки дар Ӯзбекистон бо фарогирии тамоми соҳаҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ мешаванд, ҳамчунин ба имконияти зиёд, ки барои ҳамкориҳои тарафайн мавҷуданд, баҳои баланд дод.

Дар поёни суҳбат ҳамгароии дуҷониба бинобар рушди муттасил ва таҳкими муносибатҳои серҷанба ба манфиати халқҳои ду давлат таъкид шуд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 138