×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
19:30:55 (GMT +5), juma, 23 - avgust 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


4 - may 2019

Иҷрои барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд

2 майи соли 2019 таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ташкили иҷрои босифати барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ва таҳлили корҳои амалишуда бобати ҷалби васеи аҳолӣ ба соҳибкорӣ машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Тавре ки маълум аст, барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» мувофиқи қарори Президент аз 7 июни соли 2018 қабул гардида, дар он барои амалӣ намудани чораҳои ташкилӣ ва молиявии он тамоми вазифаҳои зарурӣ мушаххас шуда буданд. 7 марти соли равон боз як ҳуҷҷати муҳим дар самти мазкур – қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ бинобар ҷалби васеи аҳолӣ ба соҳибкорӣ ва рушди соҳибкории оилавӣ дар минтақаҳо» қабул гардид.

Мувофиқи қарори мазкур аз бунёдҳои мақсаднок барилова панҷ триллион сӯм ҷудо карда шуд. Умуман барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ соли равон аз тариқи бонкҳои саҳҳомӣ дар мамлакат захираҳои молиявӣ дар ҳаҷми 6 триллиону 200 миллард сӯм, ё худ баробари зиёда аз 700 миллион доллар ҷудо карда шуданд.

Дар машварат таъкид гардид, ки ҷараёни азхудкунии маблағҳои мазкур ғайриқаноатбахш аст ё худ умуман ба ҳоли худ гузошта шудааст. Чунончи, моҳҳои март-апрел барои пешбурди истеҳсолоти дӯзандагӣ, ҳунармандӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, сохтмони гармхонаҳои тарроҳиашон сабук, ба роҳ мондани хидматҳои маишӣ аз маблағҳое, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, танҳо 19 фоиз ҷудо гардидааст.

– Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки роҳбарони масъули рушди соҳибкорӣ ва пулҳои ҷудошуда ба охиррасии солро интизоранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар натиҷаи ин суръати ҷалби аҳолӣ, ба хусус ҷавонон ва занон ба соҳибкорӣ, таъмин кардани онҳо бо шуғл ва умуман афзоиши фаровонии моддии оилаҳо коҳиш меёбад.

Бобати фаъолтар кардани пешниҳод ва азхуд намудани вомҳо, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони секторҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ супоришҳо дода шуданд.

Қайд гардид, ки кор бинобар ҷалб намудани аҳолӣ ба соҳибкорӣ бо назардошти оилаҳои камтаъмин ба дараҷаи бояду шояд татбиқ намешавад.

Дар машварат фаъолияти марказҳои дастгирии соҳибкории оилавӣ таҳлил шуд ва таъкид гардид, ки вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, аз ҷумла ба соҳибкорон ҷудо кардани майдон ва биноҳои истифоданашаванда барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсолот ва хидматрасонӣ иҷро намешаванд.

Барои дараҷаи комилан ғайриқаноатбахши ташкили иҷрои барномаи «Хар як оила– соҳибкор» дар маҳалҳо роҳбарони комиссияҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳамчунин роҳбарони идораҳои ҳудудии Бонки марказӣ огоҳ карда шуданд.

Дар машварат бинобар таъмин намудани иҷрои босифати барнома чораҳои зарурӣ муайян гардиданд.

Чунончи, барои ба роҳ мондани амалан татбиқшавии барнома бевосита дар маҳалҳои ҳар як минтақа шахсони масъули дараҷаи ҷумҳурӣ вобаста карда мешаванд. Онҳо шахсан ба вилоят ва ноҳияҳо мераванд, ҳолати корро меомӯзанд. Якҷо бо роҳбарони чаҳор сектор бобати иҷрои босифати тадбирҳои барнома чораҳо меандешанд.

Барои муайян сохтани талабот ба вомҳои имтиёзнок низоми назорати ҳавлигӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Ба ҷараёни мазкур баробари кормандони маҷмӯи иқтисодӣ кормандони қабулгоҳҳои халқии маҳалҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони Кумитаи занон, Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба ҷалб карда мешаванд.

Барои он ки маблағҳои ҷудокардашуда натиҷаҳои назаррас диҳанд, ба фаровонҳолии оилаҳо хидмат кунанд, бояд онҳо мувофиқи мақсад ҷудо карда шаванд, қайд намуд Президент. Вобаста ба ин роҳбарони секторҳои маҳаллӣ барои ҷудо кардани вомҳо ва истифодаи мақсадноки онҳо ҷавобгар мебошанд. Муовинони якуми ҳокимони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ҳамчунин роҳбарони мақомоти андоз барои саривақт ва босифат расонда додани молҳо дар доираи барнома кӯмак мерасонанд.

Ҳангоми пешбурди соҳибкорӣ муайян кардан ва ба инобат гирифтани хусусияти минтақаҳои чун анъана ба ягон самти ҳунармандӣ мувофиқ зарур аст. Чунончи, кулолгарӣ дар Риштон, шоҳибофӣ дар Марғелон, тоқидӯзӣ ва кордсозӣ дар Чуст, боғпарварӣ ва ангурпарварӣ дар ноҳияи Олтиариқ. Зарурияти инкишоф додани соҳибкорӣ бо назардошти раванди «як маҳалла – як намуди маҳсулот» таъкид гардид.

Аксарият барои ба роҳ мондани тиҷорати худӣ хоҳиш доранд. Вале на ҳама медонанд, ки таҷҳизоти заруриро аз куҷо бигиранд. Бинобар ин дар машварат ба Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шуд, ки бо ҳамкории Палатаи савдову саноат дар ҳар кадом минтақа намоишгоҳҳои доимии технологияҳои хурдро ташкил диҳанд.

Ба зиммаи Кумитаи давлатии ветеринария вазифаи ба аҳолӣ расонда додани чорвои зотӣ гузошта шуд.

Зарурияти тарғибу ташвиқи соҳибкории оилавӣ аз тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ, равшан кардани фаъолияти соҳибкорони тавоно, баргузор намудани машваратҳои тиҷоратӣ таъкид гардид.

Шахсони масъул дар бораи ҷараёни татбиқшавии барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ва корҳои минбаъда бобати иҷрои супоришҳои дар машварат пешниҳодгардида, маълумот доданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 558