×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
19:27:26 (GMT +5), juma, 23 - avgust 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


4 - may 2019

Вазифаҳо оид ба рушди минбаъдаи саноат муайян гардиданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 майи соли 2019 доир ба масъалаҳои коркарди амиқи захираҳои ашёи хом ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти содиротбоб машварат баргузор кард.

Саноат ба рушди муттасили тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат менамояд. Солҳои охир дар мамлакати мо ба маҷмӯи саноатӣ эътибори махсус дода мешавад, корхонаҳои баландтехнологӣ, хиёбонҳои техникӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода супурда шуданд. Соли 2018-ум афзоиши арзиши иловагӣ дар истеҳсоли молҳои саноатӣ аз 10 фоиз гузашт.

Вале дар соҳаи диверсификатсияи саноат корҳои зиёде бояд иҷро шаванд. Чунончӣ, 69 фоизи истеҳсолоти саноатӣ ба ашёи хом ё худ коркарди ибтидоии он вобаста мебошад. Дар содирот саҳми филизоти ранга, захираҳои энергетикӣ ва меваҳо 52 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин шаҳодати он мебошад, ки дар иқтисодиёт ҳанӯз ашёи хом аз маҳсулоти тайёр бартарӣ дорад.

Дар машварат масъалаҳои зиёд кардани миқдори корхонаҳое, ки арзиши баланди иловагӣ ва маҳсулоти тайёри содиротиро фароҳам меоваранд, истифодаи самарабахши имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои ашёи хом баррасӣ шуданд.

Кофӣ набудани истеҳсоли молҳои ҳаммонанди воридотӣ, дараҷаи пасти коркарди ашёи хом танқид карда шуд. Аз ҷумла, танҳо 25 фоизи миси истеҳсолшаванда коркард мегардад, 80 фоизи руҳ, 99 фоизи молибден, 88 фоизи абрешим, 60 фоизи чарм дар шакли коркарднашуда ба содирот бароварда мешаванд.

Боз як мисол: иқтидори корхонаҳои иттиҳодияи «Ӯзёғмойсаноат» танҳо 48 фоиз истифода мешавад, ин дар ҳоле, ки ба мамлакат 133 ҳазор тонна рӯғани рустанӣ ворид гардидааст. Дар соҳаи истеҳсоли номгӯйи васеи маҳсулоти хурокворӣ дар пояи коркарди гӯшт ва шир имкониятҳо пурра ба роҳ монда нашуданд, ҳарчанд иқтидорҳои бузург мавҷуданд.

Бинобар ин дар машварат ба Вазорати иқтисодиёту саноат, Вазорати хоҷагии қишлоқ, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ супурда шуд, ки бо назардошти пойгоҳи ашёи хом ва сохтори воридот номгӯйи маҳсулот, истеҳсолоти саноатиро, ки дар солҳои 2019-2021-ум ба роҳ монда мешаванд, тартиб диҳанд.

Роҳбари давлат зарурияти вусъат додани истеҳсоли молҳои саноатии истифодаи ҳамарӯза ва рушди кооператсияро таъкид намуд. Қайд гардид, ки кори бонизоми ҳисобу китоби талабот дар пояи муқоисаи маҳсулоти саноатии дар мамлакат истеҳсолшуда ва воридотӣ ба роҳ монда нашудааст. Супурда шуд, ки лоиҳаҳои иловагӣ бинобар истеҳсоли молҳои истеъмоли ҳамарӯза дар минтақаҳои хурди саноатӣ коркард шаванд.

Дастгирии давлатӣ барои рушди соҳаҳои саноатӣ омили муҳим мебошад. Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъда оид ба рушди кооператсияи саноатӣ ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти харидоргир» аз 1 майи соли равон механизми ҷонибдории истеҳсолгарони саноати ватанӣ аз тариқи харидҳои давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

Боз як масъалаи муҳим ин расонда додани молҳои саноатӣ мебошад. Дар кишвари мо саҳми харҷҳои нақлиётӣ барои арзиши маҳсулот баланд боқӣ мемонад. Дар ҷаҳон ин нишондиҳанда аз 8-9 фоиз зиёд нест. Барои содирот низ сертификатсияи маҳсулот муҳим мебошад.

Вобаста ба ин бобати коҳиш додани арзиши хидмати боркашонии нақлиётӣ, ба талаботи бозори хориҷӣ мувофиқ кардани ҷиҳатҳои техникии маҳсулот супоришҳо дода шуданд. Ба баланд бардоштани ихтисоси мутахассисоне, ки дар истеҳсолот ва соҳаи сертификатсия амал мекунанд, эътибор дода шуд. Бинобар масъалаҳои дар машварат муҳокимашуда вазифаҳои аввалиндараҷа муайян гардиданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 602