×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
20:53:44 (GMT +5), chorshanba, 22 Маy 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


4 - may 2019

Президенти Ӯзбекистон Вазири корҳои хориҷии Русияро қабул кард

2 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро пазируфт, ки дар доираи иштирок дар ҷамъомади 11-уми давлатҳои аъзои Меморандум оид ба ҳусни тафоҳум бинобар ҳамкории минтақавӣ оид ба назорати нашъа дар Осиёи Марказӣ бо сафари расмӣ ба кишвари мо омадааст.

Роҳбари давлати мо меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандии амиқ пешрафти баланди рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии ӯзбекистониву русиягиро қайд намуд.

Дар навбати худ Сергей Лавров ба Президент Шавкат Мирзиёев барои истиқболи хуш самимона миннатдорӣ баён карда, салому паёмҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонид.

Таъкид шуд, ки иродаи тарафайни сиёсӣ ва робитаҳои муттасил дар сатҳи олӣ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бо мазмуни мушаххас пурратар шудани он мусоидат менамоянд.

Ҳоли ҳозир лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои савдо, сармояҳо, энергетика, саноат ва хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва логистика, ҳамчунин барномаҳо дар самтҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра бомуваффақият татбиқ мегарданд. Имконияти зиёд барои робитаҳои байниминтақавӣ фароҳам меояд.

Дар мулоқот масъалаҳои амалан татбиқ намудани муоҳидаҳое, ки дар сатҳи олӣ ба имзо расидаанд ва минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои самарабахш баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаҳои СММ, СҲШ, ИДМ ва сохторҳои дигар, пешрафти ҷараёни сулҳхоҳона дар Афғонистон муҳокима гардиданд.

Ба саъю кӯшишҳои фаъоли Ӯзбекистон бобати кӯмакрасонӣ ба эътидоли ҳарчи зудтари вазъият дар Афғонистон, ҷалб намудани ин мамлакат ба ҳамкориҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ баҳои баланд дода шуд ва дастгирӣ гардид.

Дар анҷоми суҳбат ҳамҷиҳатии дуҷониба бинобар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, ҳамчунин вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайн ба манфиати халқҳои Ӯзбекистон ва Русия барои таъмин сохтани сулҳу салоҳ, эътидол ва рушди муттасил дар минтақа таъкид гардид.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 128