×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
03:26:10 (GMT +5), payshanba, 17 - yanvar 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


9 - yanvar 2019

ОИД БА КОРКАРД ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 январ бахшида ба масъалаҳои тезондани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки барои соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Дар он аъзои ҳукумат, раиси Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони шаҳри Тошканд ва вилоятҳо, роҳбарони ваколатхонаҳои дипломатии хориҷӣ дар мамлакатамон иштирок карданд.

Сиёсати фаъоли сармоягузорӣ яке аз шартҳои муҳими муваффақ гардидан ба рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ бо ташаббуси роҳбари давлатамон соли 2019 дар мамлакатамон «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» эълон гардид.

Ба Барномаи сармоягузории соли 2019 зиёда аз се ҳазор лоиҳаи арзишашон 16,6 миллиард доллар дохил карда шудааст. Ин нисбат ба соли 2018-ум 16 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар доираи Барномаи сармоягузории соли ҷорӣ баҳрабардории 140 иқтидори истеҳсолии арзиши умумиашон 3,2 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ масъалаҳои сари вақт ва хушсифат татбиқ намудани лоиҳаҳои мазкури бузург ва муҳим баррасӣ гардиданд.

Чи хеле ки қайд гардид, дар натиҷаи фаъол кор кардан бо давлатҳои хориҷӣ ва сармоягузорон ҷамъи 25 фоизи сармояҳоро сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ташкил медиҳанд. Хусусан, соли ҷорӣ дар доираи 320 лоиҳа бо иштироки чунин сармояҳо азхуд намудани 4,2 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст.

Президент таъкид кард, ки бечуну чаро ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаҳо бо иштироки сармояҳои бевоситаи хориҷӣ, ҳамаҷониба ёрӣ расондан ба сармоягузорони хориҷӣ бояд аз вазифаҳои муҳимтарини ҳукумат маҳсуб ёбад. Амалиёти ба моҳҳои охири сол гузоштани азхудкунии қисми асосии сармояҳо бас карда шуда, зарурати дар тамоми соҳаву ҳудудҳо дар нимсолаи якум камаш ба 35 фоиз, нӯҳ моҳ ба 70 фоиз расондан қайд гардид.

Вазифаҳои дар ин бобат муайяншуда дар қисмати маҷмӯъҳои Девони Вазирон таҳлил карда шуданд. Зикр гардид, ки соҳаву ҷабҳаҳое, ки ҳиссаи сармояҳои хориҷӣ нисбат ба солҳои пештара коҳиш ёфтааст, азхудкунии маблағҳо суст ташкил карда шудааст. Бино бар то охири сол ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ, онҳоро бевосита ба соҳаву ҳудудҳои ба сармояҳои хориҷӣ серталаб равона намудан, назорат намудани азхудкунии захираҳои мазкур супоришот дода шуданд.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои аз ҳисоби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ татбиқ намудани лоиҳаҳои ҳудудӣ эътибори алоҳида дода шуд.

Дар натиҷаи чунин корҳо соли гузашта дар ҳаҷми зиёда аз 1 миллиард доллар сармоя азхуд карда шуда, 133 корхонаи нав ба кор дароварда шуд. Аммо дар натиҷаи дар ташкил кардани кор ба камбудиҳо роҳ додани ҳокимон ва муовинони онҳо оид ба сармоя дар шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Самарқанд, Андиҷон, Фарғона, Намангон, Сурхондарё, Сирдарё баъзе объектҳо ба истифода супурда нашуданд.

Роҳбари давлатамон бино бар бартараф намудани мушкилоти дар ин лоиҳаҳо бамиёномада бино бар коркарди ҷадвали соҳа ва таҳти назорат гирифтани иҷрои он супориш дод.

Соли ҷорӣ бо иштироки сармояҳои бевосита 209 лоиҳаи ҳудудӣ амалӣ гардонда шуда, азхуд намудани 1,9 миллиард доллар ё ки нисбат ба соли гузашта 2 баробар зиёд, маблағ ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷамъомад ҳамин масъала ва татбиқи лоиҳаҳои иловагӣ, ки бо кӯмаки сафирони мамлакатамон ташаккул ёфтаанд, ба ҳар як ҳудуд роҳбарони идораҳои ҷумҳурӣ масъул таъин карда шуданд.

Маълум карда шуд, ки минбаъд барои васеъ гардондани миқёси лоиҳаҳо бо иштироки сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар ҳудудҳо ва соҳаҳо, дар татбиқи онҳо ҷорӣ кардани механизми назорати қатъӣ сохти нав ташкил карда мешавад. Мувофиқи он:

якум – ҳокимони вилоятҳо ҳар ҳафта ба яктоӣ ноҳия ё ки шаҳр рафта, дар алоқа бо сафирон, бинобар ба он ҷо ҷалб намудани сармояи бевоситаи хориҷӣ корҳоро ташкил мекунанд. Ҳамин тариқ, роҳбарони соҳа ҳам дар ҳар ҳафта ба як вилоят рафта, якҷоя бо корхонаҳои ҳамон ҷо бинобар иҷрои лоиҳаҳои дарамал ва лоиҳаҳои сармоягузории иловагӣ кор пеш мебарад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба роҳбарон ва соҳибкорон коркарди лоиҳаҳои сармоягузориро меомӯзонанд. Сарвазир ва муовинони ӯ бо иштироки сафирон ҳолати азхудкунии сармояҳои хориҷии ба ҳудуд ва соҳаҳо ҷалбшударо мунтазам мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Мувофиқи натиҷаҳо, ҳокимон ва роҳбарони соҳаҳо рағбатнок гардонда мешаванд ё ки нисбати онҳо ба миқдори 50 фоизи музди меҳнат ҷарима андохта мешавад.

Роҳбарони идораҳои ҷумҳурии ба ҳудудҳо вобасташуда якҷоя бо ҳокимони вилоятҳо ва сафирон дар ҳар як ноҳия (шаҳр) ҳолати лоиҳаҳо бо иштироки сармояҳои бевоситаи хориҷиро омӯхта, бинобар тезондани иҷрои онҳо чораҳои аниқ меандешанд. Инчунин, бинобар лоиҳаҳои иловагӣ таклифҳоро таҳия намуда, сармоягузорони хориҷиро ҷалб менамоянд.

Дувум – Кумитаи сармоягузорӣ таклифҳоро оид ба лоиҳаҳои сармоягузории ҳудудҳо ва соҳаҳо умумӣ гардонда, ба самарабахшии онҳо баҳо медиҳад ва пойгоҳи ягонаи электронии «онлайн»-ро ташаккул медиҳад.

Сеюм – Вазорати корҳои хориҷӣ, инчунин сафирони ба ҳудудҳо вобасташуда ба лоиҳаҳои пойгоҳи ягонаи электронӣ воридкардашуда сармоягузорони хориҷиро ҷалб мекунад.

Чорум – Девони Вазирон барои татбиқи лоиҳаҳои истиқболноки интихобшуда бо сармоягузорони хориҷӣ созишномаҳои заруриро расмӣ гардонда, бино бар таҳти назорат гирифтани иҷрои он «харитаи роҳ»-ро тасдиқ мекунад.

Президент Шавкат Мирзиёев барои боз ҳам фаъол гардондани ҷалб намудани сармоягузорон ба таклифҳои лоиҳаи нав зарурати ҳар сол дар тамоми ҳудудҳо камаш як маротиба бо иштироки сармоядорони хориҷӣ баргузор намудани форумҳои сармоя, инчунин дар форумҳои бузурги байналхалқии сармоягузории хориҷӣ таъмин кардани иштироки соҳибкорони ҷумҳуриамонро таъкид кард. Ба Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо, Вазорати корҳои хориҷӣ супурда шудааст, ки ҷадвали баргузор намудани форумҳои сармоягузориро дар минтақаҳо дар соли ҷорӣ ташаккул диҳанд.

– Аз ҳама муҳимаш дуруст ҷойгир намудани лоиҳаҳои сармоявӣ мебошад. Ягона талаби сармоягузорон ин вуҷуд доштани инфрасохтори ногузир дар ҷое мебошад, ки он ҷо ба амал татбиқ намудани лоиҳа пешбинӣ гаштааст. Аз ин рӯ, ба қарибӣ қарори Президент дар бораи такомули ҷараёни урбанизатсия дар мамлакатамон қабул гардид. Агар ба ҷойҳое, ки инфрасохтори муносиб вуҷуд дошта бошад, сармоягузорон ҷалб карда шаванд, мо метавонем ба рушди низомноки саноат ноил гардем. Ҷое, ки саноат вуҷуд дошта бошад, дар он ҷо ҷойҳои кор ва даромад буда метавонад, дар он ҷо манзилҳои иқоматӣ ва объектҳои иҷтимоӣ сохта шуда, шаҳракҳо ба вуҷуд меоянд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ боз як масъалаи муҳим – дастгирии давлатии лоиҳаҳои сармоягузорони хориҷӣ муҳокима гардид. Таъсис додани фонди дастгирии сармояҳои хориҷӣ бино бар таҷрибаи хориҷӣ чун вазифа гузошта шуд.

Дар соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратии мамлакатамон ҷалб намудани кредитҳои бевоситаи бонкҳои хориҷӣ ба миқдори умумии 740 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷлис таъкид гардид, ки пурзӯр намудани кор дар бобати ҷалби захираҳои кредитии бевоситаи хориҷӣ бо фоизҳои кам ва муддати дарози баргардондани он зарур мебошад.

Инчунин масъалаи ба вуҷуд овардани низоми ташаккули ҷамъи лоиҳаҳои умедбахш бо иштироки сармояҳои бевосита муҳокима гардид.

Соли ҷорӣ дар доираи 84 лоиҳа азхуд намудани 2,7 миллиард доллар маблағи институтҳои молиявии байналхалқӣ ва донорҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷлис ба таҳлили ин лоиҳаҳо бино бар тақсимбандии маҷмӯаҳои Девони Вазирон ишора гардида, чорабиниҳо доир ба татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳо муайян карда шуданд.

Ғайр аз ин сохтмон ва таъмири 2,8 ҳазор объекти соҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохтор дар назар дошта шудааст. Роҳбари давлат ба масъалаи мазкур эътибори алоҳида нигаронд, ки он ба сифати ҳаёти мардум иртибот дорад ва ногузирии тезондани корҳои банақшагирифташуда доир ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳо, объектҳои тандурустӣ, роҳ, шабакаҳои оби ошомиданиро таъкид намуд.

Дар ҷамъомад ҳисоботи аъзои ҳукумат, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, ҳокимони вилоятҳо дар бораи чорабиниҳои андешидашаванда доир ба ташкили иҷрои лоиҳаҳое, ки ба Барномаи сармоягузорӣ дохил шудаанд, шунида шуданд.

ӮзА.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 95