×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
22:01:17 (GMT +5), chorshanba, 19 - iyun 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


9 - yanvar 2019

ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ БОСУРЪАТИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар мамлакат бинобар ба сифати яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ ривоҷ додани сайёҳӣ, ки диверсификатсияи он ва рушди босуръати минтақаҳо, созмон додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромад ва сифати ҳаёти аҳолӣ, инчунин беҳдошти ҷозибадории сармоягузориро таъмин мекунад, зина ба зина маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мегарданд.

Озодгардонии тартиби виза, содда гардондани тартиби қайди шаҳрвандони хориҷӣ, пешниҳод намудани имтиёз ва сабукиҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкони фароҳам овардани шароитҳои мусоидро барои самарабахш пеш бурдани иқтидори миллии сайёҳӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ медиҳад.

Баробари ин, таҳлилҳои гузарондашуда нишон медиҳанд, ки пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ, ки соҳаи сайёҳиро ба танзим меорад, номукаммал мебошад, қоидаҳои расондани намудҳои ҷудогонаи хидмати сайёҳӣ ва тартиботи визаи дар таҷрибаи ҷаҳонӣ васеъ истифодашавандаи бино бар табақаи шаҳрвандон, муҳлат ва мақсадҳои омадани онҳо татбиқшаванда мавҷуд намебошанд.

Инчунин норасоии воситаҳои ҷойгиркунӣ ва объектҳои инфрасохтор, хусусан дар мавсими сайёҳӣ, ба дараҷаи бояду шояд мутобиқ гардонда нашудани низоми кашондани мусофирон ба воситаи намудҳои нақлиёти гуногун, инчунин паст ташкил карда шудани дастгирии иттилоотии сайёҳон оиди мавҷуд будани иқтидори сайёҳӣ, ғайрисамарабахшии ширкатҳои маркетингӣ бино бар тарғиби сайёҳии дохилӣ, хусусиятҳои объектҳои мероси маданӣ ва зиёрат дар минтақаҳои мамлакат ба рушди босуръати сайёҳӣ монеъ мегарданд.

Ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва замина барои рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама дар сектори хусусӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва сифати хидматрасонӣ, фаъол ва ба таври маҷмӯъ пеш бурдани маҳсулоти миллии сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва татбиқи таклифот, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 декабри соли 2018 ифода ёфтанд, инчунин мувофиқи вазифаҳои Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:

1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:

а) Консепсияи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2025 (минбаъд – Консепсия) мувофиқи замимаи №1, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:

такмил додани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти сайёҳӣ, имплементатсияи меъёру андозаҳои байналхалқӣ, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ нигаронда шудаанд;

рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ташаккул додани муҳити мусоид ва бароҳати сайёҳӣ;

рушди логистикаи нақлиётӣ, васеъ гардондани хатсайрҳои дохилӣ ва берунӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасонии нақлиётӣ;

диверсификатсияи маҳсулот ва хидматҳои сайёҳӣ, ки ба сегментҳои мухталифи бозори сайёҳӣ нигаронда шудаанд;

рушди сайёҳии дохилӣ, ки рағбатноксозии фаъоли субъектҳои фаъолияти сайёҳии ба қонеъ гардондани эҳтиёҷоти хидматрасонии сайёҳӣ дар дохили ҷумҳурӣ нигарондашударо таъмин менамояд;

тарғиб кардани маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бозорҳои байналхалқӣ ва дохилии сайёҳӣ, мустаҳкам кардани имиҷи мамлакат хамчун барои сайёҳӣ ва истироҳат бехавф;

такмил додани низоми тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои соҳаи сайёҳӣ.

Муқаррар карда шавад, ки Консепсия зина ба зина бо роҳи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои ҷудогонаи ҳарсола мувофиқи самтҳои асосии он ва параметрҳои мақсадноки дар тӯли давраи дахлдор иҷрошаванда татбиқ мегардад;

б) Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2019 бино бар татбиқи Консепсияи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2025 (минбаъд – Нақшаи чорабиниҳо) мувофиқи замимаи №2.

Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ дар асоси омӯзиши ҷиддии натиҷаҳои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бино бар солҳои дахлдор ҳар сол то 1 декабр лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои оянда таҳия намуда, барои тасдиқ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим кунад.

2. Шӯрои координатсионӣ оид ба рушди сайёҳӣ (А.Н.Арипов), ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16 августи соли 2017 №ҚП-3217 таъсис дода шудааст, инҳоро таъмин намояд:

мутобиқсозии фаъолияти вазорат, идора ва ташкилотҳои дигар бино бар ташкили самарабахш, иҷрои саривақтӣ ва хушсифати тамоми чорабиниҳои пешбинишуда;

мониторинги рафти татбиқи Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби вазорат, идора ва созмонҳои дигар, инчунин ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳар семоҳа ворид намудани маълумоти муфассал дар бораи рафти татбиқи Фармони мазкур;

ҳар сол тасдиқ намудани «Харитаи роҳ» бино бар баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар хориҷ, ки ба пеш бурдани иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон ва ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ нигаронда шудааст;

ҳангоми зарурат ворид намудани тағйирот ба параметрҳои Консепсия бо назардошти иҷрои Нақшаи ҳарсолаи чорабиниҳо.

3. Аз 1 феврали соли 2019 тартиби бераводид барои шаҳрвандони мамлакатҳо ба муҳлати 30 рӯз аз рӯзи ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №3 муқаррар карда шавад.

4. Ба таклифоти зерини Кумитаи давлатии оид ба рушди сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

а) васеъ гардондани рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандонашон аз 1 феврали соли 2019 имконияти гирифтани визаи электронии даромадро мувофиқи замимаи №4 доранд;

б) аз 15 марти соли 2019 ҷорӣ кардани низоми додани намудҳои зерини визаҳои электронии вуруд бо муҳлати амал дар тӯли 30 рӯз:

дукарата, бо боҷи консулӣ ба миқдори 35 доллари ИМА;

бисёркарата, бо боҷи консулӣ ба миқдори 50 доллари ИМА;

в) ҷорӣ кардани додани тоифаи иловагӣ (ғайриэлектронӣ)-и визаҳои вуруд барои гурӯҳи ҷудогонаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф меоранд, мувофиқи замимаи №5 розигӣ дода шавад.

Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати як моҳ бино бар ҷорӣ намудани тоифаҳои иловагӣ (ғайриэлектронӣ)-и визаҳо барои гурӯҳи ҷудогонаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф меоранд, чораҳои зарурӣ андешанд.

5. Ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати зист дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳрвандони мамлакатҳои хориҷӣ мувофиқи замимаи №6 дода шавад.

Муайян карда шавад, ки ҳуқуқи мазкур бо шарти харидани мулки ғайриманқул дар:

вилояти Тошканд ва шаҳри Тошканд ба миқдори – дар ҳамарзиши на кам аз 400 ҳазор доллари ИМА;

вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон, Фарғона ва Хоразм – ҳамарзиши на кам аз 200 ҳазор доллари ИМА;

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои дигари ҷумҳурӣ – дар ҳамарзиши на кам аз 100 ҳазор доллари ИМА дода мешавад.

6. Гурӯҳи корӣ оид ба куллан беҳтар гардондани ҷозибадории логистикии Ӯзбекистон, инчунин мутобиқсозии кор бино бар ҷалби ширкатҳои ҳавоӣ ба парвоз дар аэропортҳои маҳаллӣ (минбаъд – Гурӯҳи корӣ) дар таркиби мувофиқи замимаи №7 таъсис дода шавад.

Вазифаҳои асосии Гурӯҳи корӣ инҳо муайян карда шаванд:

куллан беҳтар гардондани низоми алоқаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ барои афзун гардондани муомилоти мол, миқдори мусофиркашонӣ ва сармоягузорӣ, дар навбати аввал аз мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ;

ҳаллу фасли зудтари масъалаҳои ҷалб намудани ширкатҳои ҳавоӣ барои зиёд гардондани сайёҳон бино бар хати сайёҳии «зиёрат», аз он ҷумла кушодани авиарейсҳои мунтазам аз Индонезия;

муайян намудани самтҳои муҳими стратегии парвозҳо ба мақсади ҷалб намудани сайёҳони зиёд;

коркарди низоми фасеҳи гузашт ва сабукиҳо барои мусофиркашонони хориҷӣ ба мақсади роҳандозии хатсайрҳои нав дар аэропортҳои мамлакат;

зиёд гардондани миқдори мусофирон дар хатсайрҳои магистралҳои дур бо роҳи созмон додани рейсҳои васл, аз он ҷумла дар давраи «ғайримавсим»;

баргузор намудани музокирот бо ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ ва маҳаллӣ, инчунин баррасӣ намудани таклифоти онҳо ва тақсими оқилонаи онҳо бино бар аэропортҳо;

содда гардондани механизми мутобиқкунии рейсҳои чартерӣ;

ҷорӣ кардани режими «Осмони кушод» дар аэропортҳои ҷудогонаи мамлакат;

аз нав дида баромадани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ ба мақсади кӯмак ба созмон додани ширкатҳои авиатсионии маҳаллӣ;

коркарди ҳуҷҷатҳо бино ба рушди минбаъдаи тавассути нақлиёт кашондани сайёҳон барои таъмин кардани мусофиркашонии интермодалӣ дар дохили мамлакат (автобус, роҳи оҳан ва ҳавоӣ);

коҳиш додани хароҷоти ширкатҳои ҳавоӣ ва мувофиқсозии нархҳо ба билетҳои нақлиёти ҳавоӣ барои истеъмолгарон;

зиёд гардондани миқдори хатсайрҳои мусофиркашонии нақлиёти ҳавоии дохилӣ байни вилоятҳои мамлакат;

такмил додани механизми хариди авиакеросин аз таҳвилгарони хориҷӣ бо таъмин кардани шаффофият ва рақобат дар ҷараёни харид.

7. Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо, Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон, ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари», ШМА «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» якҷоя бо вазорату идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати се моҳ, аз он ҷумла дар асоси механизмҳои шарикии давлативу хусусӣ портали ягонаи электронии низоми нақлиётии ҷумҳуриро созмон диҳанд, ки фурӯши билетҳои мусофиратро бо васли қулайи рейсҳо (автобусӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан) дар асоси истифодаи технологияи блокчейн пешбинӣ менамояд, инчунин тартиби фаъолияти онро муайян намояд.

8. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №8 тағйироту иловаҳо дохил карда шавад.

9. Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, вазорату идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати ду моҳ дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифот ворид намоянд.

10. Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии радиову телевизиони Ӯзбекистон, Агентии оид ба матбуот ва ахбори Ӯзбекистон дар воситаҳои ахбори оммавӣ бино бар тавзеҳи мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур мақола ва барномаҳои мавзӯӣ ташкил намоянд.

11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов, котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. В. Маҳмудов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

5 январи соли 2019.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 750