×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
22:00:57 (GMT +5), chorshanba, 19 - iyun 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


9 - yanvar 2019

ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ РОҲАНДОЗИИ ТАЪЛИМИ КАДРҲО БОБАТИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОН ДАР ХОРИҶА ВА РОБИТА БО ҲАМВАТАНОН БИНОБАР БАРНОМАҲОИ БУНЁДИ «ЭЛ-ЮРТ УМИДИ»-И НАЗДИ ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба мақсади минбаъд такмил додани низоми ба роҳ мондани тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо дар донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва дигар созмонҳои машҳури хориҷӣ, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои қонеъ сохтани талаботи рӯзафзуни соҳаҳои иҷтимоӣ, идораи давлатӣ ва самтҳои бартариноки иқтисодиёт ба мутахассисони баландихтисос, ҳамчунин самарабахш ба роҳ мондани фаъолият оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва робита бо ҳамватанони Бунёди «Эл-юрт умиди»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Бунёд)

1. Барномаи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани фаъолият бобати тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва робита ба ҳамватанони Бунёди «Эл-юрт умиди»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019-ум мувофиқи замимаи №1;

Тартиби интихоби озмунии номзадҳо барои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо бобати тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва робита бо ҳамватанон бино бар барномаҳои Бунёди «Эл-юрт умиди»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.

2. Муайян карда шавад, ки интихоби озмунии номзадҳо барои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо дар хориҷа аз ҳисоби маблағҳои Бунёд (минбаъд – стипендияҳои Бунёд) дар асоси супоришҳои мақсадноки вазорату идораҳо бинобар самтҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

таълим;

илм ва пажӯҳишҳои илмӣ;

нигаҳдории тандурустӣ;

идораи давлатӣ;

соҳаҳои пешомадноки иқтисодиёт.

3. Миқдори пешбинишудаи кадрҳое, ки барои таълим бинобар барномаҳои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва бозомӯзонии кадрҳо равона карда мешаванд, аз ҳисоби стипендияҳои Бунёд дар солҳои 2019-2021, ба миқдори на камтар аз 4000 ҷой мувофиқи замимаи №3 бо ҷудо кардани накамтар аз 20 фоиз аз миқдори умумии ҷойҳо ба стипендияҳои Бунёд барои таълим дар магистратура ва докторантура маъқул дониста шавад.

4. Муқаррар карда шавад, ки:

а) вазорат ва идораҳо ҳар сол то 1 август:

маҷмӯи супоришҳоро барои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо бинобар барномаҳои Бунёд дар донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигари бонуфузи хориҷа ташаккул медиҳанд;

ба Бунёд бобати самтҳо ва ихтисосҳои бартариноки тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо таклиф дохил мекунанд, ҳамчунин барои иштирок дар интихоби озмунии Бунёд номзадҳои пухта тайёркардашударо тавсия медиҳанд;

б) Шӯрои парасторони Бунёд:

ихтисосҳои бартариноки тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва бозмомӯзонии кадрҳоро бинобар самтҳои интихоби озмунии номзадҳо барои дарёфти стипендияҳои Бунёд тасдиқ мекунад;

бобати тақсим кардани ҷойҳое, ки бинобар самтҳои интихоби озмунӣ барои таъмин кардани сатҳ ва сифати дахлдори интихоби озмунии номзадҳо ҷудо карда шудаанд, қарор қабул мекунад.

5. Ба Шӯрои парасторони Бунёд иҷозат дода шавад, ки:

дар тартиби муқарраршуда интихоби иловагии озмуниро бинобар самти стипендияҳои Бунёд дар ҳудуди лимитҳои пешбинишуда эълон кунад;

бо назардошти зарурият ва тахассуси фаъолияти касбии кормандони вазорату идораҳои алоҳида дар самтҳои интихоби озмунии номзадҳо барои дарёфти стипендияҳои Бунёд тағйирот ворид кунад;

бинобар ҷудо кардани стипендияҳои Бунёд барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки мустақилона ба магистратура ё худ докторантураи муассисаҳои таълими хориҷӣ ва марказҳои илмие, ки дар рейтинги байналхалқӣ аз ҷумлаи 500 муассиса ва маркази беҳтарини ҷаҳон ё худ аз ҷумлаи 200 муассиса ва маркази беҳтарини ҷаҳон оид ба фанни интихобшудаи муассиса эътироф шуданд, дохил мешаванд, қарор қабул кунад;

дар параметри хароҷоти Бунёд маблағҳои зарурӣ барои бо пул таъмин кардани лоиҳаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ, ки якҷо бо муассисаҳои таълимиву илмии хориҷӣ ва ватанӣ коркард шудаанд, аз ҷумла барномаҳои таълими забонҳои хориҷиро ба номзадҳо барои дарёфти стипендияҳои Бунёд ташкил карда мешаванд, пешбинӣ карда шавад.

6. Ба вазорат ва идораҳо супурда шавад, ки дар муҳлати ду ҳафта ба Бунёд бинобар самтҳои бартаринок ва ихтисосҳои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо дар хориҷа бо назардошти ҷойҳои барои соли 2019-ум ҷудокардашуда таклифи асоснокро пешниҳод кунанд.

Ба Шӯрои парасторони Бунёд супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ дар бораи тартиби муқаррар намудани миқдори ниҳоӣ ва бо маблағ таъминкунии стипендияҳои Бунёд барои як номзад Дастурро кор карда барояд ва тасдиқ намояд.

7. Ба Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:

якҷо бо Бунёд, Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 марти соли 2019-ум барномаи махсуси таълими забонҳои хориҷии номзадҳоро барои дарёфти стипендияҳои Бунёд, ба хусус дар минтақаҳои ҷумҳурӣ кор карда барояд;

аз 1 апрели соли 2019 бобати ба роҳ мондани курсҳои мақсаднок дар асоси барномаҳои махсуси таълими забонҳои хориҷӣ (забонҳои англисӣ, немисӣ, франсузӣ ва ғайра)-и номзадҳо барои дарёфти стипендияҳои Бунёд чораҳо андешад.

8. Дар қисмати ба роҳ мондани тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо дар хориҷа манбаъҳои иловагии маблағро баробари манбаъҳое, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 сентябри соли 2018-ум №ФП-5545, маблағҳои Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ намудаанд, муайян кунад.

9. Ба Бунёди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:

дар соли 2019-ум барои бо маблағ таъмин кардани тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо дар хориҷа бинобар барномаҳои Бунёд дар ҳаҷми 3 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо кунад;

мувофиқи аризаҳои асосноки Бунёд хароҷоти молиявиро бобати тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо дар хориҷа таъмин намояд.

10. Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо супурда шавад, ки;

таҷрибаи ба муоҳидаҳои сармоявӣ, ки аз номи Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шудаанд, ӯҳдадории сармоягузорон бобати бо маблағ таъмин кардани тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо (мутахассисон) дар хориҷаро барои ташкилоте, ки объекти сармояҳои онҳо ба шумор мераванд, аз ҷумла аз тариқи омӯзиши барномаҳои таълимии Бунёд ҷорӣ намояд;

якҷо бо Бунёд ва вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ масъалаи ҷалби маблағҳои дарозмуҳлати гранти идораҳои байналхалқии молиявӣ ва созмонҳои молиявии ҳукуматҳои хориҷиро барои бо маблағ таъмин кардани бароҳмонии тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонӣ дар хориҷа дар доираи барномаҳои Бунёд кор карда барояд ва бинобар натиҷаи он ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифҳои асоснокро ворид кунад.

11. Ба Бунёд супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар самтҳо ва ихтисосҳои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо таклифҳои мушаххасро ворид кунад, миқдори пешакии стипендиянтҳоро барои онҳое, ки дар хориҷа таълим мегиранд, муайян намояд.

12. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа кӯмакрасонӣ ба Бунёдро бинобар масъалаҳои зерин таъмин кунад:

ба роҳ мондани робитаҳо ва ҷалби созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатии кишварҳои хориҷӣ барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои вобаста ба тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо;

самтҳои мутахассисони ҷумҳурӣ барои тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонӣ дар донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигари машҳури хориҷӣ;

ҷустуҷӯйи шарикон ва имзои муоҳидаҳои дахлдор дар бораи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии машҳури мамлакатҳои хориҷӣ бобати дар онҳо ба роҳ мондани таълими стипендиатҳои Бунёд;

соле на камтар аз ду бор баргузор кардани машваратҳои видеоселекторӣ бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа барои баррасии масъалаҳои ба роҳ мондани тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва касбомӯзонии кадрҳо бинобар барномаҳои Бунёд.

13. Ба вазоратҳо ва идораҳо супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёд инҳоро пешниҳод кунанд:

рӯйхати ихтисосҳои зарурӣ бинобар соҳа ва самтҳои иқтисодиёт барои ҷалби коршиносони машҳури хориҷӣ, аз ҷумла ҳамватаноне, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ доранд, барои коркарди масъалаҳои ҷалб кардан ва истифода бурдани имкониятҳои онҳо дар татбиқсозии ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд;

рӯйхати мутахассисони баландихтиссосе, ки пештар дар дастгоҳҳои марказӣ ва сохторҳои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ кор карда, ба хориҷ рафтаанд.

14. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва Оҷонсии оид ба матбуот ва ахбороти Ӯзбекистон супурда шавад, ки чорабиниҳоеро, ки аз ҷониби Бунёд амалӣ мешаванд, дар расонаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан намоянд.

15. Ба Бунёд супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.

16. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

4 январи соли 2019.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 796