×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
22:00:44 (GMT +5), chorshanba, 19 - iyun 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


5 - yanvar 2019

14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан: Шараф ва масъулият

Маълум аст, ки истиқлоли ҳар як давлатро, пеш аз ҳама, артиши ҳамон мамлакат, Қувваҳои Мусаллаҳи он ҳимоя мекунанд.

Аз ин рӯ аз рӯзҳои аввали дарёфти истиқлол мудофиаи мамлакат аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлат гардид. 6 сентябри соли 1991 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфт. 14 январи соли 1992 бошад, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо ба боз як чорабинии муҳим иқдом гузошта шуд, тамоми ҷузву томҳои ҳарбии дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгиршуда ба тасарруфи Ӯзбекистон гузаштанд. Дар ин хусус қарор эълон гардид. Аз ибтидои соли 1993-юм 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан эълон гардид.

Дар ин бобат зикри ҷумлаи «Мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад» дар моддаи 52-юми Сарқонун иқдоми аввалин шуд. Баъдан барои пойдор нигоҳ доштани вазъияти иҷтимоиву сиёсӣ, таъмин сохтани дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ, ҳифз намудани бехатарии миллӣ чандин қонунҳо қабул шуданд.

Аз ҷумла моҳи сентябри соли 2012 аз ҷониби Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қонун «Дар бораи тасдиқ кардани Консепсияи фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», қабул гардид, ки маҳз барои ба амал татбиқ намудани ин мақсадҳо равона шудааст.

Дар ҳуҷҷати мазкур ба блок ва гурӯҳҳои мухталифи ҳарбиву сиёсӣ ҳамроҳ нашудани Ӯзбекистон, мавқеи қатъияш оид ба ҳифзи истиқлол ва якпорчагии ҳудуд, ҷой надодан ба пойгоҳҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави мамлакат, пешбурди сиёсати озод, мустақил ва фаъоли хориҷӣ пурра ва аниқу равшан ифода ёфтааст.

Ба ин маънӣ қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Ш.М.Мирзиёев «Дар бораи чорабиниҳои тайёрӣ ба 27-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва таҷлили Рӯзи муҳофизони Ватан» аз 13 декабри соли 2018 хеле муҳим ва бағоят рӯзмарра мебошад. Тавре ки дар қарор таъкид мешавад, «Артиши миллӣ ба қисми таркибии ҷамъият ва мактаби фаъоли дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия кардани насли наврас, мустаҳкам намудани мавқеи ҳаётии онҳо, зиёд кардани масъулияти шаҳрвандиашон барои ояндаи кишвар табдил меёбад. Ҳоли ҳозир ҳифзи Ватан новобаста аз синну сол, соҳаи фаъолият ва касбу кор вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад ва маҳз барои ин дар ҷумҳурӣ ба таҷлили Рӯзи муҳофизони Ватан эътибори махсус дода мешавад».

Алҳол дар ин замони мураккабу ноором, ки ба ҳаёти инсоният хавфу хатарҳои мухталиф таҳдид менамоянд, моро лозим аст, ки ҳамеша огоҳу ҳушёр бошем, бар муқобили ҳама гуна нирӯҳои вайронкору таҷовузкор сари вақт ва боэътимод зарбаи ҳалокатовар занем.

Барои ҳамин ҳам мувофиқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 феврали соли 2018 «Консепсияи дар рӯҳи ҳарбиву ватанпарварӣ тарбия кардани ҷавонон» қабул гардид. Қарори мазкур ба новобаста аз миллат, забон ва ихтисоси ҷавонон дар қалб ва шуури онҳо ташаккул додани эҳсоси халқпарварӣ, садоқатмандӣ ба вазифа, сидқидилона иҷро кардани қарзи шаҳрвандӣ ва ӯҳдадориҳои конститутсиявӣ, ба сифати шахсони қодиру қобил ҳимоя кардани манфиатҳои ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст.

Хеле муҳим аст, ки 4 августи соли 2018-ум Қарори Президенти кишвар Ш.Мирзиёев «Дар бораи куллан беҳтар кардани низоми боло бардоштани савияи маънавиву маърифатии хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» эълон шуд ва эътибор пайдо кард. Вобаста ба он дар низоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Рӯзи камолоти маънавӣ ва ватанпарварӣ» ҷорӣ шуд, ки дар рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта гузаронида мешавад. Ба ҷавонон, бахусус хидматчиёни ҳарбӣ маънидод кардани моҳияти аслии ин даъват, онҳоро дар рӯҳи мардонагӣ, ҷасорат, садоқат ва шуҷоат тарбия намудан кори бағоят муҳим мебошад. Зеро мо ворисони ниёгони маълуму машҳур, олимону фозилони дар тамоми олам шинохта, фарзандони миллати бузург мебошем. Инро саҳми муносибе, ки халқи Ӯзбекистон дар ғалаба аз болои фашизми Олмон дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон гузоштааст, собит месозад.

Ҳоло пайдост, ки ду соли охир дар низоми мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон давраи нави инқилобӣ оғоз ёфт. Инро мардуми сулҳпарвари ҷаҳон низ эътироф мекунанд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади ҳайати васеи Шӯрои амният, ки 10 январи соли 2018 баргузор шуд, дар бораи беш аз пеш зиёд кардани салоҳияти мудофиаи мамлакат, афзун сохтани тайёрии ҳарбии артиши миллӣ ва вазифаҳои муҳими дигар сухан ронд. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки қӯшунҳо бояд ҳамеша барои иҷро кардани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда қодир ва омода бошанд. Онҳо бояд мувофиқи низоми нави тайёрии ҳарбӣ мунтазам машғулот гузаронанд, барои он ки хидматчиёни ҳарбӣ кадрҳои воқеан касбӣ бошанд, бояд соҳаи худро куллан аз худ намоянд.

Мувофиқи нишондоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев барои санҷидани тайёрии ҳарбии қӯшунҳои Вазорати мудофиа субҳи содиқи 26 ноябри соли 2018-ум бино бар даъвати «Бонги изтироб!» онҳо ба тайёрии олии ҳарбӣ оварда шуданд.

Мақсади асосии санҷиши ногаҳонӣ ин баҳо додан ба корҳое буд, ки қӯшунҳои Вазорати мудофиа ва мақомоти сарфармондеҳӣ ба амал баровардаанд, ҳамчунин кору фаъолияти онҳо ҳамаҷониба таҳлил карда шуд. Машқҳои махсуси тактикии ҷузву томҳои қӯшунҳо дар машқгоҳи саҳроии Чирчиқ гузаронида шуданд.

Машғулиятҳои махсуси тактикии аскарони мо маҳорати баланди касбӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи ҳарбӣ, амалиёти муназзами онҳоро нишон дод.

Худи ҳамон рӯз дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади васеи Шӯрои амният баргузор шуд. Дар ҷамъомад Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки дар шумори тамоми масъалаҳои дигар дар соҳаи сохтори ҳарбӣ низ мувофиқи Стратегияи амалиёт корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Самтҳое, ки дар ҷамъомади Шӯрои амният 10 январи соли равон муайян шуда буданд, ба ҳаёт татбиқ мегарданд. Барои ислоҳсозӣ ва мустаҳкам кардани Қувваҳои Мусаллаҳ 46 адад ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул шуданд. Дар муддати кӯтоҳи гузашта сохтори қисмҳои ҳарбӣ куллан нав гардид. Қисмҳои ҳарбие, ки камсамар ва кори якдигарро такрор мекарданд, ихтисор шуданд. Дар натиҷаи ин хароҷот барои нигоҳубини қӯшунҳо камтар шуд. Барои бо хӯрокворӣ таъмин кардани қисмҳои ҳарбӣ низоми аутсорсинг ҷорӣ гардид, ки ин ба баланд бардоштани тайёрии ҳарбии шуъбаҳои ҳарбӣ, ду баробар коҳиш додани нишондиҳандаи вақт мусоидат менамояд.

Артиши мамлакат дар як сол бино бар қудрат ва тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳ дар рейтинги ҷаҳонӣ 9 зина боло баромад. Инро озмуни бонуфузи «Патрули Кембрия», ки дар Британияи Кабир гузаронида шуд, собит сохт. Ҳарбиёни мо дар байни 123 ҷамоае, ки аз 90 мамлакат омада буданд, ҷойи аввалро ишғол карданд.

Ба ҳифзи иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва собиқадорони соҳа низ эътибори махсус дода мешавад. То имрӯз барои хидматчиёни ҳарбӣ 56 хонаи бисёрҳуҷра сохта, барои истифода супурда шуд. Беш аз 1500 нафар аскарон бо манзил таъмин шуданд. Боз сохтмони 74 хонаи серҳуҷра давом дорад.

Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади Шӯрои амният ба масъалаи мустаҳкам кардани рӯҳи ҳарбиву ватанпарварии ҷавонон эътибори махсус дод.

Аскарон, хидматчиёни ҳарбӣ бояд таърихи пуршарафи мамлакат, ҳаёт ва ҷасорати қаҳрамонон, саркарда ва фармондеҳонеро, ки дар сарзамини мо зисту зиндагӣ кардаанд, амиқ донанд, бо онҳо ифтихор кунанд, – таъкид кард Президент.

– Мо ҳама бо ниёи бузурги худ Амир Темур ифтихор мекунем. Вале, биёед, холисона бигӯем, «Тузукот»-и Соҳибқиронро чӣ қадар аскарон хондаанд?, – савол гузошт Шавкат Мирзиёев. – Ё худ дар бораи ҳаёт ва маҳорати ҳарбии саркардаи машҳур Ҷалолиддини Мангубердӣ оё маълумоти сазовор дорем? Ҳол он ки ғалабаҳо, стратегия ва тактикаи ҷангии ин гузаштагони наҷиби моро дар бисёр мактаб ва академияҳои ҳарбии олам имрӯз ҳам меомӯзанд.

Бо назардошти ин роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев махсус таъкид намуд: «Аскарони мо пеш аз савгандхурӣ бояд, албатта, аз Таърихи Ӯзбекистон ва «Тузукоти темурӣ» имтиҳон супоранд.

Бояд гуфт, ки мувофиқи ин нишондод 12 декабри соли 2018-ум Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои дар рӯҳи ватанпарварӣ ва ҷисмонӣ тайёр кардани ҷавонон ва такмил додани тайёрии ихтисоси ҳарбиву техникии даъватшавандагон» қабул гардид, ки нуран аъло нур шуд. Ин ҳодисаи шоистаи ҳама гуна хурсандӣ ва ғуруру ифтихор аст!

Хулоса, то замоне ки артиши миллиамон асоси истиқлол, такягоҳ, ғуруру ифтихорамон мебошад, имони комил дорем, ки Ватанамон орому осуда, осмонамон ҳамеша мусаффо хоҳад буд. Зеро артиши миллии мо ояндаи дурахшони кишвар, кафолати боэътимоди фаровонҳолии халқамон аст.

Искандар РАҲМОН,

собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳ, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 816