×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
03:23:51 (GMT +5), payshanba, 17 - yanvar 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


5 - yanvar 2019

ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СҲШ-РО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 январ Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норовро, ки аз 1 январи соли ҷорӣ ба иҷрои ин вазифа пардохт, қабул кард.

Роҳбари давлат махсус таъкид кард, ки ба чунин вазифаи баланд ва масъулиятнок – Котиби генералии СҲШ тасдиқ гардидани намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеаи таърихӣ ба шумор меравад. Бори нахуст шаҳрванди мамлакати мо роҳбари ташкилоти байналхалқӣ мегардад.

Зимни вохӯрӣ Президенти Ӯзбекистон ба фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дод, ки он майдони босамари гуфтугӯи кушод ва муфид, механизми мутаассири ҳамкории бисёрҷанба ва ҳамчунин омили муҳими бехатарӣ ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардид.

Нақши муҳими принсипҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои аслии СҲШ зикр гаштаанд, таъкид гардида, гуфта шуд, ки онҳо эҳтироми истиқлолияти ҳамдигарӣ, якпорчагии давлатҳо ва халалнопазирии сарҳадоти давлатӣ, мудохила нанамудан ба корҳои дохилӣ, баробарӣ, эътимоди ҳамдигар ва манфиатдориро пешбинӣ менамоянд.

Зикр шуд, ки дар давраи гузашта пойгоҳи назарраси қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷанба ташаккул ёфта, қариб 30 мақомоти кории СҲШ бомуваффақият фаъолият дорад.

Таваҷҷӯҳи рӯзафзуни мамлакатҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналхалқӣ барои роҳандозии муносиботи шарикӣ бо ин ташкилоти бонуфуз таъкид ёфт.

Президенти мамлакат ба зарфияти калони ҳанӯз корбурднашудаи ҳамкорӣ дар доираи СҲШ эътибори алоҳида нигаронд.

Ба сифати бартарияти минбаъд мустаҳкамсозии ҳамкорӣ чунин самтҳо, мисли таъмини бехатарӣ, инкишофи робитаҳои ҳамдигар дар иқтисодиёт, сармоягузорӣ, соҳаҳои савдо, коммуникатсияи нақлиёт, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ зикр гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон иқдоми муттасил дар заминаи вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар доираи ташкилот гузошта мешавад, таъсис додани Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Тошканд аз он ҷумла буда, дар Самарқанд ба вуҷуд овардани Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим» ба вуҷуд оварда хоҳад шуд.

Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар поёни анҷумани Синдаои СҲШ Муроҷиати муштараки сарони давлатҳо ба ҷавонон ва Барномаи амал доир ба татбиқи он қабул гардиданд.

Дар поёни вохӯрӣ роҳбари давлат ба В.Норов дар мартабаи масъулиятноки Котиби генералии СҲШ тавфиқ ва фаъолияти босамар таманно намуд.

ӮзА.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 80