×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
04:14:37 (GMT +5), payshanba, 17 - yanvar 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - dekabr 2018

Дар бораи суҳбати телефонии Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Қирғизистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 декабр соли 2018 бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков суҳбати телефонӣ дошт.

Дар аввали мулоқот сарони давлатҳо ба муносибати фаро расидани Соли нав якдигарро самимона муборакбод намуда, таманноҳои нек орзу карданд.

Президентҳо ҳолат ва пешомади ҳамкории муфидро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин бино бар масъалаҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ мубодилаи афкор намуданд.

Қайд гардид, ки дар тӯли солҳои охир муносибати Ӯзбекистону Қирғизистон ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуда, бо мазмуни дақиқ ғанӣ гардид.

Ҳамкорӣ бино бар тамоми самтҳо фаъол шуданд. Таҳти раёсати сарвазирони ду мамлакат моҳҳои март ва декабри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Фарғона ва Ӯш ҷамъомади Шӯрои сарони минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон ва Қирғизистон гузаронда шуданд. Моҳи май вохӯрии якуми Комиссияи оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ ба амал омад.

Ҳаҷми савдои тарафайн афзуда, дар соҳаи электротехника, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ғайра лоиҳаҳои муштарак татбиқ гардиданд.

Даҳлези байналхалқии нақлиёти автомобилии Андиҷон – Ӯш – Иркештом – Қошғар фаъолият нишон дода, дар якҷоягӣ лоиҳаи сохтмони хати роҳи оҳани Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин тайёр карда мешавад.

Дар Тошканд ва Самарқанд Рӯзҳои маданият ва санъати Қирғизистон бомуваффақият гузашт. Дар доираи ҷашни 90-солагии Чингиз Айтматов дар минтақаҳои мамлакат чорабиниҳои тантанавӣ гузаронда мешаванд.

Бо қаноатмандии амиқ қайд гардид, ки тирамоҳи соли ҷорӣ мактаби ба номи Алишер Навоӣ, ки дар шаҳри Ӯши Қирғизистон сохта шудааст, хонандагони аввалинро қабул кард.

Дар хотима сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки ҷонибҳо дар рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ, васеъ гардондани ҳамкории сернақшаи дуҷониба саъю кӯшиши қатъӣ доранд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 290