×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
03:38:51 (GMT +5), payshanba, 17 - yanvar 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - dekabr 2018

Дар бораи суҳбати телефонии Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 декабр соли 2018 бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи телефон суҳбат кард.

Дар аввали мулоқот роҳбарони ду давлат ба муносибати фаро расидани Соли нав якдигарро самимона муборакбод гуфта, ниятҳои нек таманно намуданд.

Самтҳои пешомаднок ва лоиҳаҳои аниқи амиқсозии шарикии сернақша, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналхалқӣ баррасӣ гардиданд.

Суръати пуршиддат касб намудан ва ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шудани рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон қайд гардид.

Ба ин, пеш аз ҳама, созишномаҳое, ки бино бар ҷамъбасти ташрифҳои давлатии таърихии сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли ҷорӣ ба даст омаданд, мусоидат намуданд.

Тартиби бераводид ҷорӣ гардида, кори тамоми нуқтаҳои гузариши сарҳадҳои давлатӣ аз нав ба роҳ монда шуданд. Мубодилаи мунтазами байни минтақаҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шуданд.

Таҳти раёсати сарвазирон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ сермаҳсул кор мекунад.

Роҳбарони ду мамлакат ба дараҷаи назаррас афзудани ҳаҷми муомилоти дутарафаи молро бо қаноатмандӣ қайд намуданд. Дар соҳаи интиқоли беисти қувваи барқ ва гази табиӣ ҳамкории муфид амалӣ гардида, равуои нақлиёти мунтазами автомобилӣ ва ҳавоӣ ба роҳ монда шуд.

Президентҳо бо қаноатмандӣ пайваста васеъ гардидани мулоқоти маданиву гуманитарӣ, иштироки мунтазами ҷамоаҳои эҷодии ду мамлакатро дар чорабиниҳои мухталифе, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузаронда мешаванд, бо қаноатмандӣ қайд намуданд.

Дар Тошканд ва Душанбе шабҳои дӯстӣ бомуваффақият гузаронда шуданд, ки аз қаробати маданиву маънавии мамлакату халқҳои бародар далолат медиҳанд. Дар Душанбе ва Самарқанд пайкараҳои Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуданд.

Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар бобати минбаъд васеъ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, инчунин шарикии стратегӣ баҳри манфиати халқҳои бародари Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саъю кӯшиши қатъӣ доранд.

Дар хотима президентҳо бори дигар якдигарро муборакбод намуда, дар Соли нав ба халқҳои бародар беҳбудӣ, фаровонӣ ва шукуфоӣ хостанд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 254