×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
03:35:19 (GMT +5), payshanba, 17 - yanvar 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - dekabr 2018

Суръати роҳи тараққиётамон афзун мегардад

СОЛИ 2019 — СОЛИ САРМОЯГУЗОРИИ ФАЪОЛ ВА ИНКИШОФИ ИҶТИМОӢ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 декабри соли 2018 ба Олий Маҷлис Муроҷиатномаи навбатии худро тақдим намуд.

Дар анҷумане, ки дар Қасри симпозиумҳои шаҳри Тошканд баргузор гардид, аъзои Сенати Олий Маҷлис ва депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, Девони Вазирон, роҳбарони вазорат ва идораҳо, намояндагони ваколатхонаҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳайатҳои дипломатӣ, фаъолони ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок намуданд. Анҷуманро аз тариқи алоқаи видеоконференсия депутатҳои шӯроҳои маҳаллии вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, роҳбарони мақомоти тамоми зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва идораҳои хоҷагидорӣ ва ҳамчунин сафирони мамлакатамон дар кишварҳои хориҷӣ мушоҳида намуданд.

Як сол пеш аз ин бори нахуст дар таърихи мамлакат Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис тақдим гардида буд. Дар асоси ин нутқ, ки дар дараҷаи дастуруламал барои куллан бозсозӣ намудани тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият нигаронда шудааст, барои соли ҷорӣ нақшаҳои амалии пухта тартиб дода шуда, дар роҳи барпо намудани ҳаёти муносиб барои халқамон ташаббусҳои хуб муайян карда шуданд.

Роҳбари давлат барои муттасил ба ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳои муроҷиатнома ба сифати дастур соли 2018-ро дар мамлакат Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология эълон намуданро таклиф намуд. Солҳои 2017-2021 аз рӯи панҷ самти устувори тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2018 чун марҳалаи навбатии Стратегияи ҳаракат дар роҳи боз ҳам фаровон сохтани кишварамон ба маънои том корҳои созандагӣ, бунёдкориву ободонӣ ба амал татбиқ гардиданд.

Дар Муроҷиатномаи кунунӣ, ки корҳои ба амал татбиқгардидаи соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои соли оянда, тамоилҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ватан баён гаштааст, мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон қарор гирифт.

Соли 2018 даромади воқеии аҳолӣ нисбат ба соли 2017 12 фоиз афзуд. Қайд гардид, ки аз ҳисоби аз нишондоди пешгӯишуда зиёд иҷро гардидани пардохти андоз дар ҳудудҳо барилова 5,5 триллион сӯм маблағ боқӣ монда, ин нисбат ба соли гузашта 6 баробар, нисбат ба соли 2016 бошад, 32 баробар зиёд мебошад.

Ба вуҷуд овардани шароити муносиби ҳаёт барои аз ҳаёт мамнун зиндагӣ кардани одамон зери эътибори доимии давлат қарор дошт. Дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» 416 деҳа қиёфаи нав касб намуд. Барои босуръат ба ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои «Ҳар як оила – соҳибкор», «Ҷавонон – ояндаи мо» шурӯъ гардид.

Дар Муроҷиатнома қайд гардид, ки дар ҷанбаҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ низ қадамҳои муҳим гузошта шуд. Дар бобати куллан беҳсозии муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, иқтисодиёти шаффоф, рақобати солим, дар иқтисодиёт коҳиш додани иштироки давлат, беҳтар намудани шароити зиндагии одамон чораҳои дақиқ муайян карда шуд.

Бино бар пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев барои мантиқан идома додани корҳои соли ҷорӣ ва бо мақсади ба зинаи баланд бардоштан соли 2019 дар мамлакат Соли сармоягузории фаъол ва инкишофи иҷтимоӣ эълон гардид.

Хулоса, иҷрои ҳар як самти устувори ҳуҷҷати асосии соли фарорасанда – Муроҷиатнома дар таърихи мамлакатамон саҳифаи нав боз менамояд, барои қуллаҳои нав ва боз ҳам баландро ба даст овардани халқамон чун таҳкурсӣ хидмат хоҳад кард.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 242